22 Ноябр 2025 - 19:43
Source: ABNA
Ансоруллоҳи Яман Арабистони Саудиро ҳушдор дод

Масъулони ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман Арабистони Саудиро нисбат ба паёмадҳои ҷангафрӯзии ҷадид алайҳи ин кишвар дар ростои нақшаҳои Амрико ва режими сионистӣ ҳушдор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Арабӣ 21, Абдуллоҳ ан-Наимӣ, узви Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, таъкид кард, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, аз ҳамлаҳои ҳаштсола алайҳи Яман дарс нагирифт; ҳамлаҳое, ки бо эътилофи арабӣ, амрикоию-сионистӣ оғоз кард ва Яман дар он шароит ҳатто як мушак ҳам надошт.

Вай илова кард: "Амрико, Бин Салмонро ба миёни ин маърака хоҳад андохт ва баъд ӯро раҳо мекунад; ҳамон тавре ки Нетаняҳуро раҳо кард."

Алӣ ал-Қаҳум, узви дигари Дафтари сиёсии ин ҷунбиш низ тасреҳ кард: "Арабистони Саудӣ бояд воқеиятҳои ҷадид дар Яманро ба унвони як кишвар бипазирад. Инқилоби Яман бар омада аз хости мардуми ин кишвар аст."

Вай баён кард: "Масири сулҳ мушаххас аст ва дарҳои он агар Арабистон барои таҳаққуқи сулҳ ҷиддӣ бошад, боз аст. Сулҳ бо таваққуфи таҷовузот, поён додан ба ишғолгарӣ, лағви муҳосира ва бозсозии манотиқи осебдида ва ҳамчунин озодсозии асирон муҳаққақ мешавад. Он гоҳ яманиҳо метавонанд мушкилоташонро дар фазое ором ва босубот бидуни мудохилаҳои хориҷӣ ҳал кунанд."

Your Comment

You are replying to: .
captcha