Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маълума, Дидабони ҳуқуқи башари Сӯрия эълом кард, ки танҳо тайи рӯзи ҷумъа ҳадди ақал се шаҳрванди дигари ин кишвар дар ростои тадовуми ноамнӣ ва бесуботӣ дар Сӯрия кушта шуданд.
Бар асоси ин гузориш, ҷасадҳои 2 ҷавони сӯрӣ даруни бемористони Ал-Ваър дар Ҳимс пайдо ва гузориш шуда, ки онҳо дар шароити мубҳаме баъд аз он ки барои чанд соат мафқуд (гум) шуда буданд, кушта шуданд.
Ҳамчунин ҷасади як шаҳрванди дигари сӯрӣ дар минтақаи Маскана дар ҳумаи шарқии Ҳалаб пайдо шудааст.
Дидабони ҳуқуқи башари Сӯрия таъкид кард, ки шумори куштаҳои ноамнӣ дар ин кишвар аз ибтидои соли 2025 дар устонҳои мухталифи Сӯрия ба 1157 нафар расидааст.
Your Comment