Бинобар гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, ҳамзамон бо тасвиби қатъномаи Амрико дар бораи Ғазза дар Шӯрои Амният, нигарониҳо аз тазйиъи ҳуқуқи фаластиниён афзоиш ёфтааст. Тартиботи байналмилалӣ дар мавриди Ғазза, халъи силоҳи муқовиматро аз тариқи як идораи байналмилалии интиқолӣ бо ихтиёроти густурда дар авлавият қарор медиҳад. Ин тартибот ҳамчунин хуруҷи артиши режими саҳюнистӣ аз Ғаззаро ба тасбити авзои амниятӣ дар ин борика муртабит мекунад; ба ин маъно, ки ишғолгарон ҳамчунон як бозигари амниятӣ дар арсаи Фаластин хоҳанд буд. Ин вазъият чандин саволро дар мавриди чӣ гунагии бархӯрди муқовимат бо паёмадҳои ин қатънома дар марҳалаи оянда матраҳ мекунад.
Хатарҳои қатъномаи Амрико барои Ғазза
Алағарми иддаоҳо мабнӣ бар ин ки қатъномаи амрикоӣ хостори таҳкими тавофуқи оташбас ва коҳиши маҳдудиятҳои вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аст, Виссом Афифа, нависанда ва таҳлилгари сиёсии арабзабон, мӯътақид аст, ки ин қатънома хатарҳои ҷиддиро ба ҳамроҳ дорад, аз ҷумла:
-
Байналмилалисозии Ғазза барои солҳои тӯлонӣ ва идомаи идораи ин борика таҳти назорати ниҳоди маъруф ба «Шӯрои Сулҳ» ки дар тарҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико омадааст.
-
Аз байн бурдани қудрати Фаластин бо халъи силоҳи муқовимат.
-
Бозгашти Ташкилоти Худгардони Фаластин ба Навори Ғазза таҳти шароити хориҷӣ ва ин яъне раванди ташкили кишвари Фаластин ё тазмини ҳокимияти Фаластин бидуни ҳеҷ ҷадвали замонии мушаххасе ба таъвиқ хоҳад афтод.
-
Ҳарчанд ки қатъномаи Амрико аз ҳимояти сиёсии ошкорои 8 кишвари арабӣ ва исломӣ бархӯрдор аст, ки ин қатъномаро роҳе барои ташкили кишвари Фаластин медонанд, аммо воқеият он аст, ки ҳимояти кишварҳои арабӣ аз чунин қатъномае дар воқеъ як машруияти ахлоқӣ ва сиёсӣ барои аз байн бурдани ҳуқуқи фаластиниён эҷод мекунад.
Гурӯҳҳо ва неруҳои миллии Фаластин нисбат ба хатарҳои қатъномаи мазкур ҳушдор доданд ва онро талоше барои таҳмили қаймумияти байналмилалӣ бар Навори Ғазза ва тасвиби дидгоҳи ҷонибдорона дар ростои манофеи саҳюнистҳо донистанд. Ин гурӯҳҳо ҳамчунин эълом карданд, ки ҳар гуна баҳс дар мавриди масъалаи силоҳҳои муқовимат бояд дар чаҳорчӯби як фароянди сиёсии дохилӣ бошад, ки поёни ишғолгарӣ, таъсиси кишвари мустақили Фаластинӣ ва ба даст овардани ҳаққи таъйини сарнавиштро барои фаластиниён тазмин кунад.
Your Comment