Ба гузориши хабаргузории Абно, Родион Мирошник, намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия дар умури Укроин дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" гуфт: "Маскав то кунун, паёме дар бораи таълиқи раванди музокирот, аз Киев дарёфт накардааст."
Вай бо ишора ба гузашти беш аз 100 рӯз аз даври саввуми музокирот миёни Укроин ва Русия дар Истанбули Туркия, афзуд: "Бо вуҷуди инки Вазорати хориҷаи Укроин аз поёни музокирот бо Русия хабар дода, аммо то кунун иқдоми расмӣ аз масирҳои дипломатӣ барои поён додан ба музокирот анҷом надодаанд."
Ин мақоми рус аз ироаи пешнависи пешниҳодоти Русия барои расидан ба оташбас дар музокироти гузашта хабар дод ва гуфт: "Укроин, то кунун мавқеъе дар бораи ин пешниҳодот нагирифтааст."
Пештар, «Алексей Полишчук» мудири Идораи дувуми муштаракул-манофеъ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, ба Тас гуфта буд, Маскав омодаи азсаргирии музокирот бо Укроин дар Истанбул аст ва "тӯп акнун дар замини Киев қарор дорад." Ӯ афзуд, тарафи укроинӣ, гуфтугӯҳоро «мутаваққиф» карда ва мақомоти Туркия низ борҳо хостори азсаргирии ин раванд шудаанд.
Your Comment