18 Ноябр 2025 - 12:46
Source: ABNA
Трамп: Аз Мексика розӣ нестам; мумкин аст он ҷоро ҳам ҳадаф қарор диҳам

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки аз амалкарди давлати Мексика розӣ нест ва мумкин аст барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир, ин кишварро ҳам ҳадаф қарор диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Доналд Трамп дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: "Ҳар коре барои мутаваққиф кардани ҷараёни интиқоли маводи мухаддир анҷом медиҳам. Охири ҳафта, ба Меҳсику Сити ки нигоҳ кардам; мушкилоти зиёде он ҷо дидам. Бо масъулони Мексика гуфтугӯ кардаам ва онҳо мавқеъи манро медонанд. Аз Мексика розӣ нестам."

Амрико дар моҳҳои ахир ва ба баҳонаи мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ҳузури низомии худро дар дарёи Кариб ва дар марзи Венесуэла афзоиш додааст.

Вашингтон ба баҳонаи мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир, дар ҳоли ҳадаф қарор додани киштиҳои убурӣ дар марзҳои Венесуэла аст. Кохи Сафед, ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи ин иддао, ки афроди ҳадаф қарор гирифта дар беш аз 20 ҳамла, дар Кариб ва уқёнуси Ороми шарқӣ, воқеан қочоқчӣ будаанд, ироа накардааст. Коршиносон мегӯянд ҳатто агар ҳадаф, қочоқчиён бошанд, чунин ҳамлаҳое, «эъдоми фароқазоӣ» маҳсуб мешавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha