Ба гузориши хабаргузории Абно, парлумони Урдун пешнависи лоиҳаи ироашуда аз сӯи давлати ин кишвар, мабнӣ бар ҳатмӣ шудани дубораи хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони урдӯнӣ, ро тасвиб кард.
Тасвиби ин қонун дар ҷараёни нишасти дирӯзи парлумони Урдун бо ҳузури Ҷаъфар Ҳассон, нахуствазир ва аъзои кобинаи ин кишвар сурат гирифт. Қарор аст аз феврали оянда иқдомоти лозим барои иҷроии кардани ин қонун оғоз шавад.
Амин Машоқба, вазири собиқи Урдун ва коршиноси умури сиёсии ин кишвар таъкид кард, ки ҳатмӣ шудани сарбозӣ дар Урдун як иқдоми зарурӣ дар сояи таҳдидҳои амниятии мавҷуд, ба вижа тамаъварзиҳои режими саҳюнистӣ, ба шумор меравад.
Вай изофа кард, ки иҷрои ин қонун дар соли 1991 мутаваққиф шуда буд, аммо густариши таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи минтақа ба вижа густариши шаҳраксозиҳо боиси таҷдиди назар дар он шудааст.
Your Comment