Ба гузориши “Порс-Тудей”, нависанда дар ин мақола таҳти унвони “Эрон ва бозгашт ба таърихи бостон барои тақвияти миллигароӣ пас аз ҷанг бо Исроил” талош кардааст таҳаввулоти ахири Эронро дар қолаби бозгашт ба таърихи бостону миллигароӣ тавзеҳ диҳад.
Ин мақола ҳовии таҳрифҳое аст, ки тасвири нодурусте аз воқеияти Эрони кунунӣ ироа медиҳад. Дар идома се мавриди муҳим аз ин таҳрифҳо баррасӣ мешавад.
1 . Тақлили миллигароӣ ба абзоре сирфан сиёсӣ
Нависанда муддаӣ аст, ки Ҷумҳурии исломӣ танҳо ба далели коҳиши ҷаззобияти исломгароии суннатӣ ба миллигароӣ рӯй овардааст. Ин бардошти таҳрифомез аст. Аввалан дар нигоҳи инқилоби исломӣ ватандӯстӣ амре писандида аст. Дар Ҷумҳурии исломии Эрон ватандӯстӣ ва на миллигароӣ, на сирфан абзоре сиёсӣ, балки бахше аз ҳувияти фарҳангиву таърихии ҷомеа маҳсуб мешавад. Истифода аз намодҳои бостонӣ монанди Шопури аввал ё Ораши Камонгир танҳо вокунише ба шароити сиёсӣ нест, балки бозтобе аз пайванди амиқи мардум бо мероси таърихии Эрон аст. Дар воқеъ, ватандӯстии эронӣ ҳамвора дар канори исломгароӣ вуҷуд доштаву таркиби ин ду ҳувият, сохтори фикрии Ҷумҳурии исломиро шакл додааст. Зимни инки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар мавзӯи ватандӯстӣ таъкид кардааст.
2 . Нодида гирифтани нақши мардум дар бозтавлиди намодҳои таърихӣ
Нависанда чунин илқо мекунад, ки баҳрагирӣ аз намодҳои бостонӣ сирфан пружее ҳукуматӣ аст. Ин нигоҳ таҳрифомез аст, зеро мардуми Эрон худ ба таври густарда дар ҳифзу бозтавлиди ин намодҳо нақш доранд. Иди Наврӯз ва ё алоқаи умумӣ ба Куруши Кабир, подшоҳи Ҳахоманишӣ ё Тахти Ҷамшед нишон медиҳад, ки миллигароии бостонӣ на танҳо аз боло таҳмил нашудааст, балки реша дар фарҳанги умумӣ дорад. Ҳарчанд акнун тавваҷуҳи бештаре ба ин намодҳо монанди насби муҷассамаи зону задани Валериан, императори Рум дар муқобили Шопури аввали Сосонӣ дар майдони инқилоби Теҳрон сурат гирифтааст, ки мумкин аст ин намодҳоро барҷаста кунад, аммо заминаи иҷтимоии он аз пеш вуҷуд доштааст.
3 . Ироаи тасвире якдасту манфӣ аз нигоҳи низом ба таърихи бостон
Нависанда талош мекунад нишон диҳад, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора таърихи бостонро саркӯб карда ва акнун ба таври ногаҳонӣ тағйири масир додааст. Ин тасвири таҳрифшуда аст. Воқеият он аст, ки нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ ба таърихи бостон ҳамвора дугона будааст: нақди ҷанбаҳои истибдодӣ ва дар айни ҳол пазириши дастовардҳои фарҳангиву ҳунарӣ. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ борҳо ба арзишҳои меъмориву ҳунари Эрони бостон ишора карда ва дар айни ҳол бар ҷанбаҳои ахлоқиву маънавии Ислом таъкид доштааст. Эшон ҳарчанд дар суханрониҳои худ борҳо Сосониёну Ҳахоманишиёнро ба унвони низомҳои истибдодӣ нақд кардааст, аммо дар айни ҳол бархе дастовардҳои онҳоро “ифтихори эронӣ” донистааст. Нақши барҷастаи зону задани Валериан, императори Рум дар баробари Шопури аввал, подшоҳи Сосонӣ дар Козирун ҳамоне аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар сафаре ки урдибиҳишти 1387 (2008) ба устони Форс доштанд, дар дидор бо масъулони иҷроии устон бар нишон додани он ба мардум таъкид доштанд. Эшон дар он дидор бо ишора ба талоши бархе кишварҳо барои эҷоди мафохири маснуии таърихӣ таъкид карданд: Мафохири ҳақиқии таърихи миллати Эрон муҷиби тақвияти эътимод ба нафси миллӣ аст ва лозим аст мавриди тавваҷуҳи бештар қарор гирад. Бинобарин, иқдомоти ахир дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи тавваҷуҳ ба мероси таърихӣ на як чархиши ногаҳонӣ, балки идомаи ҳамон нигоҳи таркибӣ ва тадриҷӣ аст.
Ҷамъбандӣ
Таҳлили “The National” бо се таҳрифи асосӣ ҳамроҳ аст: тақлили миллигароӣ ба абзори сиёсӣ, нодида гирифтани нақши мардум дар бозтавлиди намодҳои таърихӣ ва ироаи тасвире якдасту манфӣ аз нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ ба таърихи бостон. Ин таҳрифҳо боис мешавад тасвири Эрони кунунӣ ба таври ноқису муғризона ироа шавад, дар ҳоле ки воқеият печидатар аст: ватандӯстии эронӣ реша дар фарҳанги умумӣ дорад ва бо исломгароӣ талфиқ шуда ва дар сиёсати расмӣ низ ба унвони бахше аз ҳувияти миллӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Your Comment