Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Ғарб тасаввур мекунад бо фишори иқтисодӣ метавонад тобоварии Эронро коҳиш диҳад ва ин дар ҳолест, ки миллати Эрон бо муқовимату имон аз ин марҳала низ убур хоҳад кард.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз “Меҳр”, Лориҷонӣ афзуд: Дар мавзӯи иснапбак тамоми талошҳо анҷом шуд то музокирот ба натиҷа бирасад, аммо ғарбиҳо шарт карданд, ки Эрон бурди мушакҳои худро ба зери 500 километр коҳиш диҳад ва дар воқеъ онҳо мехостанд муҳимтарин силоҳи дифои миллати Эронро бигиранд. Дар ҳоле ки ин масъала бо амнияти миллӣ гиреҳ хӯрдааст.
Вай гуфт: Агар мехоҳем муқовимати миллӣ идома ёбад, бояд дар баробари чунин фишорҳое муттаҳид ва яксадо биистем.
Интиқоди намояндаи аврупоӣ аз адами маҳкумияти ҳамалоти Амрикову Исроил ба Эрон
Марк Ботенга (Marc Botenga), намояндаи белгияии Порлумони Аврупо дар суханоне, рӯйкарди дугонаи ин ниҳодро зери суол бурд. Вай хитоб ба ҳамкоронаш пурсид: Чаро бояд бипазирем, ки Исроил бомбаи ҳастаӣ дошта бошад? Ин қатъан пазируфтанӣ нест. Шумо Эронро таҳдиди аслӣ меномед, аммо Исроилро бубинед, ки Лубнон, Сурия, Ироқ, Эрон, Яман ва ба тозагӣ Қатарро бомбаборон кардааст.
Ботенга дар суоли дигаре аз ҳамкорони худ пурсид: Чаро ин воқеиятро, ки Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон хориҷ шуд, на баён ва на маҳкум мекунед. Ин Амрико буд, ки аз ин тавофуқ по пас кашид, на Эрон.
Намояндаи Порлумони Аврупо идома дод: Дар поён мехоҳам бидонам, чаро мо, яъне Иттиҳоди Аврупо ҳамалоти ғайриқонунии Амрикову Исроилро, ки дар ҷараёни он шумори бисёре аз шаҳрвандони Эрон кушта шудандро маҳкум намекунем?
Натанёҳу дастури таваққуфи тарҳҳои ҳамроҳ кардани Каронаи Бохтариро содир кард
Дар пайи маҳкумиятҳо ва фишорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дастур дод то аз пешбурди тарҳҳои марбут ба эъмоли ҳокимияту ҳамроҳ кардани Каронаи Бохтарӣ ва шаҳраки Маолия Адумим худдорӣ шавад.
Колумбия: Таҳаррукоти низомии Амрико дар дарёи Кароиб нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст
Густаво Петро, раисиҷумҳури Колумбия дар изҳороте бо интиқоди шадид аз таҳаррукоти низомии ахири Амрико дар дарёи Кароиб ва обҳои савоҳили Венесуэла, ин иқдомотро маҳкум ва таъкид кард: Ин ҳамалот мисдоқи нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.
Вокуниши Путин ба таҳримҳои ҷадид: Таҳти фишор тасмим намегирем
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба иқдоми давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи ду ширкати бузурги нафтии русӣ, бо таъкид бар инки Маскав таҳти фишор тасмим намегирад, гуфт: Аз назари сиёсӣ ин иқдом ғайридӯстона нисбат ба Русия аст ва равобити Маскав ва Вашингтонро, ки ба тозагӣ раванди беҳбудро оғоз кардааст, тақвият намекунад.
Your Comment