25 Октябр 2025 - 22:00
Source: Parstoday
Бефоида будани дипломатия бо режими Исроил ва зарурати тақвияти равобит бо Эрон

Дар сояи таҳаввулоти минтақаӣ ва истимрори таҷовузоти режими саҳюнистӣ, нахуствазири Лубнон дар мусоҳибае мавзеи сареҳи воқеъгароёна иттихоз карду гуфт: Дипломатия бо режими Исроил бефоида аст ва Лубнон бояд ба беҳтарин равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон аҳамият диҳад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Навоф Салом, нахуствазири Лубнон дар мусоҳиба бо шабакаи “Алмаёдин”, дар хусуси бенатиҷа будани дипломатия бо режими саҳюнистӣ ва равобити наздики Лубнону Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ки режими Исроил ба тавофуқномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи 1701 пойбанд набуда ва дар ҳоле ки Лубнон ҳеҷ иқдоми низомӣ анҷом надодааст, режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба таҷовузоти худ идома медиҳад.

Нахуствазири Лубнон ҳамчунин эътироф кард, ки боз кардани каналҳои дипломатӣ дар ин замина бенатиҷа буда ва танҳо басиҷи қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ метавонад режими Исроилро ба ақибнишинӣ водор кунад.

Навоф Салом дар идома бо баёни инки дар ин миён равобит бо Эрон ба унвони як қудрати минтақаии муассир, ҷойгоҳи вижае дар сиёсати хориҷии Лубнон дорад, хостори тақвияти ин равобит бар пояи эҳтироми мутақобил шуд.

Вай гуфт, ин рӯйкард на танҳо метавонад ба тақвияти меҳвари муқовимат дар баробари Исроил кумак кунад, балки бистаре барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ фароҳам меоварад.

Нахуствазири Лубнон ҳамчунин нақши ҷунбиши Ҳизбуллоҳро дар озодсозии ҷануби Лубнон барҷаста кард ва изъон дошт, ки бидуни фидокориҳои муқовимат, ақибнишинии режими Исроил дар соли 2000 мумкин набуд.

Нахуствазири Лубнон дар поёни суханони худ бо таъкид бар ваҳдати дохилӣ, ҳузури фаъол дар чорчӯбҳои байналмилалӣ ва тақвияти равобит бо кишварҳои дӯст, ба вижа Эрон, масири муқовимати дипломатии Лубнонро тарсим кард; масире ки дар баробари ишғолгарӣ танҳо бо иттиҳоди минтақаӣ ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои дипломатӣ муассир хоҳад буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha