23 Октябр 2025 - 13:13
Source: ABNA
Ҳамос: Таҳаррукоти ишғолгарон барои алҳоқи Каронаи Бохтарӣ ботил ва ғайриқонунӣ аст

Ҷунбиши Ҳамос ба тасвиби пешнависи қонуни алҳоқи Каронаи Бохтарӣ аз сӯи Кнессети режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод ва онро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Хабаргузории Абна ба нақл аз Хабаргузории Шаҳоб, Ҳамос дар вокуниш ба тасвиби пешнависи ду тарҳи қонунӣ дар Кнессети режими саҳюнистӣ барои алҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва таҳмили ҳокимият бар шаҳраки «Маъолияи Адумим», ин иқдомотро маҳкум карда ва онро талоше ошкор барои оддисозии шаҳраксозӣ ва таҳмили ҳокимияти ишғолгарон бар арозӣ ишғолӣ хонд.

Ҳамос бо судури баёнияе эълом кард, ки ин раъйгирӣ, чеҳраи зишти ишғолгарии истеъмориро нишон медиҳад ва нақзи ошкори тамоми қавонин ва қатъномаҳои байналмилалии муртабит бо Каронаи Бохтарӣ аст.

Ин ҷунбиш таъкид кард, ки талошҳои ишғолгарон барои алҳоқи аърозии Каронаи Бохтарӣ ботил ва ғайриқонунӣ аст ва ҳақиқати фаластинӣ будани Каронаи Бохтариро бар асоси таърих, қавонини байналмилалӣ ва назари машваратии Девони байналмилалии додгустарӣ дар соли 2024 тағйир нахоҳад дод.

Ҳамос, режими саҳюнистиро масъули паёмадҳои ин қавонини ишғолгаронаи ботил хонд ва аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ хост то ин иқдомро маҳкум карда ва барои мутаваққиф кардани сиёсатҳои ишғолгарӣ ва посухгӯ кардани он ва сарони он ба хотири ҷиноёт алайҳи миллати Фаластин ва нақзи ошкори тааҳудоташон дар қиболи ҳуқуқи байналмилалӣ талош кунанд.

Гуфтанист, ки Кнессети режими саҳюнистӣ дар қироати муқаддимотии худ пешнависи қонуни «аъмоли ҳокимият бар Каронаи Бохтарӣ»-ро тасвиб кард.

Шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ эълом кард, ки қироати муқаддимотии пешнависи қонуни аъмоли ҳокимият бар Каронаи Бохтарӣ анҷом шуд ва бо 25 раъйи мувофиқ дар муқобили 24 раъйи мухолиф ба тасвиб расидааст.

Дар ин хусус Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ гуфт: Ҳам акнун, замони аъмоли ҳокимият бар Каронаи Бохтарӣ фаро расидааст.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳо бо ҳар гуна иқдомоти пиромуни алҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва аъмоли ҳокимият бар он тавассути режими саҳюнистӣ мухолиф ҳастанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha