Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар нишасти ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Амир Саиди Еравонӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин ниҳод режими саҳюнистиро таҳдиде ҷиддӣ ва ошкор барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ карду афзуд: Ин режим бо иқдомоти низомӣ беравия ва ҷиноёти густарда, ба омили бесуботӣ дар минтақаву ҷаҳон табдил шудааст.
Еравонӣ гуфт: Ҳамалоти бесобиқа ба Ғазза дар ду соли гузашта моҳияте наслбарандоз доштаву мунҷар ба шаҳодати беш аз 68 ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла 20 ҳазор кӯдак шуда ва ҳамчунин, нобудии комили зерсохтҳои ҳаётии Ғазза, аз ҷумла бемористонҳо, мадорис ва сомонаҳои обрасонӣ, ин борикаро ба сарзамине вайрон бадал кардааст.
Амирсаиди Еравонӣ ҳамчунин бо таъкид бар инки Эрон хостори поёни фаврии наслкушӣ дар Ғазза, хуруҷи комили неруҳои ишғолгар, барқарории оташбаси доим ва ирсоли бидуни монеи кумакҳои башардӯстона ба ин борика аст, гуфт: Таҳаққуқи адолат мусталзими муҳокимаи тарроҳону омилони ҷиноёти ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият асту фарҳанги масуният аз муҷозот, ки режими саҳюнистӣ аз он баҳраманд буда, бояд поён ёбад.
Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ёдовар шуд: Эрон низ ҳадафи ҳамалоти мустақими режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳамалоти густарда дар июни 2025 ба манотиқи маскунӣ ва таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки ин ҳамалот мунҷар ба шаҳодати 1100 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани беш аз 5700 нафари дигар шудааст.
Сафиру намояндаи доими Эрон дар СММ дар идома ҳамчунин бо радди иддаоҳои намояндаи Амрико дар Шӯрои Амният ва таъкид бар инки сиёсатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон мубтанӣ бар Маншури Милали Муттаҳид аст, ҳузури ғайриқонунии низомии Амрико ва ҳимояти беқайду шарт аз режими саҳюнистиро омили аслии бесуботии минтақа донисту афзуд: Вашингтон бо коршиканӣ дар иҷрои маъмуриятҳои Шӯрои Амният, шарики ҷиноёти режими Исроил шинохта мешавад.
Сафиру намояндаи доими Эрон дар СММ дар поёни суханони худ дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Шӯрои Амният, зимни ироаи тасвире нигаронкунанда аз абъоди фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза ва нақши режими саҳюнистӣ дар таҳдиди сулҳи ҷаҳонӣ, ҳамчунин хостори иқдоми фаврии ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додан ба ин вазъияти фоҷеабор шуд.
Your Comment