21 Октябр 2025 - 18:21
Source: ABNA
Ҳамос: Исроил бояд хароҷоти бозсозии Навори Ғаззаро пардохт кунад

Узви Дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ бояд ба таври комил хароҷоти бозсозии он чиро, ки дар Навори Ғазза вайрон кардааст, пардохт намояд.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Мӯсо Абумарзуқ, узви Дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва раиси Дафтари равобити байналмилалии ин ҷунбиш дар гуфтугӯ бо Спутник таъкид кард, ки бозсозии Навори Ғазза, ки ба дасти ишғолгарони саҳюнист вайрон шудааст, ҳаққи беш аз 2 миллион фаластинӣ аст, ки хонаҳо ва манобеи даромадии худро аз даст додаанд.

Вай афзуд: "Қатъномаи Шӯрои Амният бар бозсозии Навори Ғазза таъкид дорад ва мо муътақидем, ки ишғолгарони саҳюнистӣ масъули нахусти вайронии ин борика ҳастанд ва бояд хароҷоти комили ин бозсозиро пардохт намоянд."

Абумарзуқ тасриҳ кард: "Раванди бозсозӣ бояд ба сурати фаврӣ буда ва тамоми бахшҳоро ба вижа зерсохтҳо ва нерӯгоҳҳои барқро дар бар гирад. Мо аз мушорикати тамоми тарафҳо дар раванди бозсозии Ғазза истиқбол мекунем. Мо бо назорати байналмилалӣ ё аз сӯи кишварҳои миёнҷигар низ мушкиле надорем ва беҳтар аст ин тарафҳо бар раванди иҷроиии тарҳҳо назорат дошта бошанд."

Your Comment

You are replying to: .
captcha