Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) ـ Абна ـ Ширкати амнияти дарёии «Амбри»-и Бритониё эълом кард, ки як киштии боркаш бо парчами Ҳолланд дар 120 мил дар ҷанубу шарқи бандари Адани Яман мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Ҳайати амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё гузориш дод, ки як партобаи ношинос ба самти киштӣ шиллик шуда, ки боиси сӯхтор дар он гардид. Радарҳои дарёӣ ва гузоришҳои маҳаллӣ низ аз мушоҳидаи дуд дар атрофи киштӣ хабар додаанд.
«Амбри» таъйид кард, ки киштӣ дар замони ҳодиса системи шиносоии худкор (AIS)-ро фаъол накарда буд. Ин киштӣ пештар низ дар 23 сентябр дар масираш ба самти Ҷибути мавриди ҳамла қарор гирифта буд.
Ширкати молик ва баҳрабардори киштии «Минерфахрахт» дар баёнияе эълом кард, ки ин киштӣ дар натиҷаи инфиҷори як бомби ношинос ба шиддат осеб дидааст. Дар пайравӣ аз ҳамла, сӯхтор дар арша рух дод ва ду нафар аз хидма захмӣ шуданд.
Дар ҳоли ҳозир амалиёти таъзияи 19 хидмаи киштӣ бо истифода аз чархбол ва ҳамкории киштиҳои ҳозир дар минтақа дар ҳоли анҷом аст.
Your Comment