Ба гузориши хабаргузории АБНА, бахши байналмилал: флоти ҳамбастагии байналмилалӣ "Самуд" бо беш аз 70 киштӣ аз 44 кишвари ҷаҳон рӯзи якшанбе 31 августи 2025, ҳаракати худро бо ҳадафи шикастани муҳосираи Ғазза ба самти ин навоҳии оғоз кард. Вожаи "Самуд" ба маънои "муқовимат" аст.
Эътилофҳои мухталифи байналмилалӣ шомили "Флоти озодӣ", "Ҷунбиши ҷаҳонии Ғазза", "Коровони Самуд" ва "Ал-Самуд Нусантора"-и Малайзия дар ин флот ҳузур доранд. Ҳамчунин чеҳраҳои барҷастае аз ҷумла Грета Тунберг, Мариана Мортагуа ва дигар фаъолони ҳуқуқи башар дар ин иқдом ширкат кардаанд. Эълом шудааст, ки даҳҳо киштии дигар аз Тунис ва кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин рӯзи 4 сентябр ба ин флот мулҳақ хоҳанд шуд.
Флоти ҷаҳонии Самуд бузургтарин корвони дарёии дунё аст. Ҳазорон нафар гирди ҳам омадаанд то миёнаи сентябр ба Ғазза бирасанд. Обҳои байналмилалии наздики Тунис, Либия, обҳои Миср ва Ғазза масири ҳаракати киштиҳо аст. Режими ишғолгари Қудс таъкид кардааст, ки фаъолони ин киштиҳоро боздошт хоҳад кард.
Дар ҳамин росто "Доминик" узви Ҳолландӣ-и флоти ҷаҳонии Самуд ба хабарнигори Меҳр гуфт: "Муддати зиёде аст, ки аз Фаластин ҳимоят мекунам ва нисбат ба ҷиноятҳои Исроил алайҳи миллати Фаластин эътироз дорам. Пайвастанам ба флот ба якборагӣ ва иттифоқӣ набуд, балки ба хотири мавҷи ҳамбастагии байналмилалӣ бо мардуми Ғазза буд."
Вай афзуд: "Аз даҳҳо кишвар гирди ҳам ҷамъ шудаем то бо қаиқҳо ва киштиҳоямон муҳосираи Ғаззаро бишканем. Қасд дорем бо ин корвони дарёӣ ба фаластиниён нишон бидиҳем, ки онҳо танҳо нестанд, онҳо нонамоён нестанд, балки зулму ҷинояте, ки аз сӯи саҳюнистҳо дар ҳаққи онҳо анҷом мешавад, аён ва ошкор аст."
Доминик бо ишора ба сукути давлатҳо дар иқбои ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид кард: "Вақте аз тарафи давлатҳо барои ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти режими саҳюнистӣ иқдоме анҷом намешавад, мардум ва ҷомеаи маданӣ ҷамъ мешаванд то ба онҳо собит кунанд, ки ҳамаи мо бо даст дар даст якдигар додан ва талош кардан, метавонем муҳосираи навори Ғаззаро бишканем ва то замоне, ки Фаластин озод нашавад даст аз талош кардан бар нахоҳем дошт."
Ин узви Ҳолландӣ-и флоти ҷаҳонии Самуд илова кард: "Исроил ҳамон тавре ки киштиҳои пеш аз корвони Самудро таҳдид карда, киштиҳои ин флоти ҷаҳониро ҳам таҳдид кардааст. Мо худро барои мувоҷеҳа бо ҳар ҷинояте аз сӯи низомиёни саҳюнист омода кардаем ва аз чизе наметарсем; ҳар иттифоқе барои мо биафтад дар муқобили он чи ки фаластиниён таҷриба мекунанд, ҳеҷ аст."
Вай дар поён хитоб ба миллати Фаластин гуфт: "Коре бо давлатҳоямон ва сукути онҳо надорем; мо мардуми одӣ то озодии Фаластин дар канори шумо ҳастем, ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳем шуд ва ба сӯи шумо хоҳем омад, нигарон набошед ва умеди худро аз даст надиҳед."

Узви Ҳолландӣ-и флоти ҷаҳонии "Самуд" бо ишора ба таҳдидоти режими саҳюнистӣ алайҳи ин флот ва ширкаткунандагон дар маъракаи кумакрасонӣ ба навори Ғазза, гуфт: "Мо аз ҳеҷ сенарияе тарс надорем."
Your Comment