Ба гузориши хабаргузории Меҳр бо истинод ба шабакаи Ал-Ҷазира, манобеи маҳаллӣ дар Сурия гузориш доданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бо чанд ҳамлаи ҳавоӣ атрофи минтақаи ал-Кисва дар ҳавзаи Димишқро ҳадаф қарор доданд.
Ҳамчунин ин манобеъ эълон карданд, ки чанд ҳамлаи ҳавоии саҳюнистҳо атрофи Ҷабал-ул-Мониъ дар ҳавзаи ғарбии Димишқро низ дар бар гирифтааст.
То лаҳзаи интишори ин хабар, гузорише аз мизони хисорот ва талафоти эҳтимолӣ нашр нашудааст.
Ин ҳамла як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки рӯзи сешанбе низ ин минтақа ҳадафи ҳамлаи Исроил қарор гирифт ва дар ҷараёни он 6 тан аз низомиёни вобаста ба ал-Ҷулонӣ кушта шуданд.
Your Comment