28 Август 2025 - 11:46
Source: ABNA
Эрон меҳвари дидори вазирони корҳои хориҷии Амрико ва режими саҳюнистӣ

Вазирони корҳои хориҷии Амрико ва режими саҳюнистӣ дар Вашингтон дар бораи мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон ва кишвари мустақили Фаластин, дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар, Гидеон Саъар дар дидор бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар Вашингтон, иддао кард: «Ҳаргиз давлате бо номи Фаластин ташкил нахоҳад шуд.»

Аз сӯи дигар, вазири корҳои хориҷии режими саҳюнистӣ эълон кард, ки дар ин дидор ду ҷониб ҳангоми баррасии таҳаввулоти ҷанги Ғазза пеш аз баргузории нишасти Маҷмаи Умумии СММ, дар бораи парвандаи Эрон ва роҳҳои ҳамкории Вашингтон ва Тел-Авив барои муқобила бо ончи “таҳдидҳои Эрон” номида шудааст, гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин Саъар аз мавозеи Амрико дар пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ ташаккур кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha