21 Август 2025 - 09:18
Source: ABNA
Исроил буҷаи соли 2025-и худро афзоиш дод/ Нетаняҳу буҷаи ҷангро боло бурд

Ҳукумати Исроил бо тасвиби афзоиши 9 миллиард доллар ба буҷаи соли 2025, бори дигар нишон дод, ки ҷанг алайҳи Ғазза ва рӯёрӯӣ бо Эрон дар садри авлавиятҳои ин режимист.

Тибқи гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) - АБНО, ҳукумати Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ, пешниҳоди Вазорати молияи ин режимро барои афзоиши 31 миллиард шекел (9 миллиард доллар) ба буҷаи соли 2025-и режими саҳюнистӣ тасдиқ кард. Қисми асосии ин маблағ ба он чи "хароҷоти дифоӣ" номида мешавад, ихтисос ёфта, 1,6 миллиард шекел (473 миллион доллар) низ барои кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дар назар гирифта шудааст; иқдоме, ки ба гуфтаи расонаҳои ибрӣ бо ҳадафи "сафеднамоӣ"-и чеҳраи Телавив анҷом мешавад.

Ихтисоси ин кумакҳо ва коҳиши 3.35 дарсадии буҷаи тамоми вазоратҳо барои таъмини хароҷоти ҷанг, ҳамчунин бозпас гирифтани ҳудуди 600 миллион шекел аз буҷаи тавофуқоти эътилофӣ марбут ба барномаи омӯзишии "Уфуқи нав" дар мактабҳои мазҳабии яҳудӣ (Ҳаридӣ), боиси хашми бархе аз аъзои кабинети Нетаняҳу шуд. Ин тағйирот аз оғози соли оянда ва дар сурати тасвиби Кнессет иҷро хоҳад шуд.

Рӯзномаи "Йедиот Аҳронот" гузориш дод, ки вазоратҳои режими саҳюнистӣ бо буҷаҳои бузургтар саҳми бештаре аз коҳишҳоро таҳаммул мекунанд ва Вазорати амнияти дохилии ин режим, бештарин мизони коҳишро таҷриба хоҳад кард. Дар айни ҳол, ҳукумати Исроил маблағҳоеро барои ҷуброни хисороти ҷанг ихтисос додааст, ки шомили 320 миллион шекел барои рухсатиҳои бидуни маош, 100 миллион шекел барои тақвияти паноҳгоҳҳо, 135 миллион шекел барои бозсозии маҷмаи давлатӣ дар Ҳайфа, 100 миллион шекел барои шаҳракҳои шимолӣ ва 298 миллион шекел барои кумак ба шӯроҳои маҳаллӣ мебошад.

Буҷаи аслии соли 2025-и режими саҳюнистӣ қаблан дар моҳи март бо рақами умумии 755 миллиард шекел (ҳудуди 205 миллиард доллар) тасвиб шуда буд, аммо идомаи ҷанг алайҳи Ғазза ва даргириҳо дар ҷабҳаҳои дигар, ҳукумати Исроилро маҷбур ба афзоиши дубораи буҷаи худ кард. Тибқи гузориши расонаҳои ибрӣ, касри буҷаи имсолаи режими саҳюнистӣ ба 5.2 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ хоҳад расид; рақаме, ки ба гуфтаи рӯзномаи "Глобс" ба далели хароҷоти ҷанги Ғазза ва паёмадҳои манфии ҷанги 12-рӯза алайҳи Эрон аст.

Вазорати молияи Исроил эълом кардааст, ки ин афзоиши буҷа имкони идомаи амалиётҳои сангини низомӣ то поёни соли 2025 ва ҳатто иҷрои сенарияи ишғоли комили Ғаззаро фароҳам месозад. Ба ин тартиб, сақфи хароҷоти калон ба ҳудуди 650 миллиард шекел хоҳад расид. Ҳамчунин гуфта шуд, ки касри буҷа аз 4.9 дарсад ба 5.2 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ афзоиш меёбад, ки муодили 6 миллиард шекел мебошад, ки рақами муҳим, аммо бисёр камтар аз ҳаҷми афзоиши ихтисос додашуда ба бахши дифоӣ аст.

Вазорати молияи Исроил таъкид кард, ки таъмини ин каср бо афзоиши даромадҳои молиётӣ, ки фаротар аз пешбиниҳои қаблӣ будааст, имконпазир хоҳад шуд.

Дар ҷараёни нишасти кабинети режими саҳюнистӣ, «Бетсалэл Смотрич», вазири молияи Исроил, ба далели коҳиши буҷаи вазоратҳо барои таъмини хароҷоти ҷанг мавриди ҳамлаи бархе аз вазирони кабинети ин режим қарор гирифт. Ӯ дар дифоъ аз худ гуфт: "Вазири молия будан дар замони ҷанг осон нест, махсусан вақте ки бояд бо чанд вазири популист рӯбарӯ шавӣ, ки танҳо ба дунболи сарлавҳаҳои рӯзномаҳо ҳастанд." Ӯ аз пуштибонии Нетаняҳу қадрдонӣ кард ва иддао кард, ки ин тасмим барои рафъи таҳдиди вуҷудии Эрон ва тазмини ояндаи Исроил зарур аст.

«Исроел Катс», вазири амнияти режими саҳюнистӣ низ афзоиши буҷаро ҳаётиёӣ хонд ва гуфт, ки ин иқдом артишро қодир хоҳад сохт то бо таҳдидҳои Эрон ва таҳаққуқи аҳдофи ҷанг дар Ғазза муқобила кунад.

Аммо шуморе аз вазирони кабинети режими саҳюнистӣ, аз ҷумла «Юав Киш» (вазири омӯзиш), «Итамар Бен-Ғвир» (вазири амнияти дохилӣ), «Амиҳай Элияҳу» (вазири мерос) ва «Итсҳоқ Вассерлауф» (вазири рушди Накаб ва Ҷалил), бо ин тасмим мухолифат карданд. Киш ва Бен-Ғвир дар баёнияе муштарак эълом карданд, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ба таъмини амнияти мактабҳо, бо буҷаи пешниҳодӣ мухолифат хоҳанд кард.

Бен-Ғвир ҳамчунин Нетаняҳуро масъули ин расвоӣ донист ва хитоб ба ӯ гуфт: "Чаро ба кӯдакони Ғазза авлавият медиҳӣ." Киш низ бо лаҳни тунд хитоб ба Смотрич гуфт: "Ту марди хурд бо ғурури бузург ҳастӣ ва кӯдакони Ғаззаро ба кӯдакони Исроил тарҷеҳ медиҳӣ."

Дар муқобил, Нетаняҳу таъкид кард, ки кумакҳои ихтисосдодашуда ба Ғазза ба Ҳамос намерасад ва танҳо ба марказҳои имдодӣ ва мардум интиқол хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, «Моше Ғафни», раиси муштараки ҳизби "Яҳудот Ҳатораҳ" низ аз тасмими ҳукумати Исроил интиқод кард. Ӯ гуфт, ки Нетаняҳу ва Смотрич хилофи тавофуқоти пешин, бидуни иҷоза буҷаеро, ки ба ҳазорон муаллими Ҳаридӣ тааллуқ дошт, мусодира кардаанд; мавзӯъе, ки таниш миёни аҳзоби мазҳабӣ ва ҳукумати Исроилро афзоиш додааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha