Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(ъ) - Абна - ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва қатли фаластиниҳо дар сояи сукути ниҳодҳо ва маҷомеъи ҷаҳонӣ, субҳи сешанбе низ идома дошт.
Шабакаи «Ал-Ҷазира» ба нақл аз манбаъҳои дармонӣ гузориш дод, ки аз субҳи душанбе то субҳи сешанбе, дар ҷараёни ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза 30 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.
Хабарнигори Ал-Ҷазира дар Навори Ғазза гуфт: «Нерӯҳои ишғолгари Исроилӣ дар ҷануби шарқи Дир ал-Балаҳ, воқеъ дар маркази Навори Ғазза ба самти фаластиниҳо тирпаронӣ карданд».
Шабакаи «Ал-Маёдин» низ гузориш дод: «Ҳавопаймоҳои ҷангии душман низ ба маркази шаҳри Хон Юнис, дар ҷануби Навори Ғазза ҳамла карданд».
Your Comment