2 Август 2025 - 18:10
Source: Parstoday
Шарқи Осиё| Иттиҳоди сегонаи осиёӣ: Чин, Индонезия ва Сингапур аз узвияти Фаластин дар Созмони Милал ҳимоят карданд

Др иқдоме ҳамоҳанг, Чин, Индонезия ва Сингапур бо судури баёнияҳои ҷудогона бар ҳимояти қотеи худ аз ташкили кишвари мустақили фаластинӣ таъкид карданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин бо баёни инки муҳосираи Ғазза бояд ба суръат мутаваққиф шавад, таъкид кард, ки давлати Пекин қотеона аз ҳаққи мардуми Фаластин барои ташкили як кишвари мустақил ҳимоят мекунад.

Ба гузориши Порс-Тудей, Гуу Ҷёкун имрӯз - чаҳоршанбе дар нишасти хабарии дастгоҳи дипломатии Чин изҳор дошт: «Чин амиқан нигарони фоҷеаи инсонӣ аст, ки мардуми Ғазза бо он мувоҷеҳанд. Вай  бо ишора ба вахомати бесобиқаи вазъияти инсонӣ дар борикаи Ғазза афзуд: «Роҳкори ду давлат» танҳо масири воқеъбинона барои ҳалли масъалаи Фаластин аст ва Чин қотеона аз ҳаққи мардуми Фаластин барои ташкили як кишвари мустақил ҳимоят мекунад.

Индонезия: Набояд узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал вето шавад

Ормоното Насир, муовини вазири умури хориҷаи Индонезия рӯзи сешанбе дар як конфронси хабарӣ, зимни ҳимоят аз узвияти комили Фаластин дар СММ гуфт: набояд узвияти комили Фаластин дар Мозмони Милал вето шавад.

Сингапур: Омодаи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳастем

Куин Чиук, намояндаи Сингапур дар нишасте дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки кишвараши омодаи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин аст ва нуктаи калидӣ ин аст ки чунин иқдоме бояд ба пешрафт ба сӯи сулҳ ва як роҳи ҳалли дудавлатӣ кумак кунад.

Вай афзуд: Сингапур ҳамвора аз ҳаққи фаластиниён барои доштани сарзамини худ бар асоси як роҳи ҳалли дудавлатӣ, мутобиқ бо қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят кардааст. Мо қотеона муътақидем, ки ин танҳо масири муносиб барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли ҷомеъ, одилона ва пойдор барои ин даргирии тӯлонимуддат аст .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha