2 Август 2025 - 18:11
Source: Parstoday
Муомилаи сулҳ ё сирқати манобеи Конго ? Нигоҳӣ ба ҳарбаи ҷадиди Амрико дар Африқо

Порс тудей - Як таҳлилгари ҳиндӣ фош кард , ҳадаф аз миёнҷигарии Амрико барои имзоъи муомилаи « сулҳ » миёни Ҷумҳурии демократики Конго ва Руанда , сирқати манобеи маъдании Конго тавассути Вашингтон аст

Дар қалби бозорҳои роҳбурдии Амрико , Африқо қарор дорад ; қоррае ки пештар дар ҳошияи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида қарор дошт , аммо акнӯн ба яке аз аҳдофи аслии рақобати ҷаҳонӣ барои дастрасӣ ба маводи маъдании ҳаёти бадал шудааст . Ба гузориши Порс тудей дар бисту ҳафтуми июн , Амрико , миёнҷии сулҳи миёни Руанда ва Ҷумҳурии демократик Конго шуд ; иқдоме,  ки суботи минтақаиро бо дастрасии Амрико ба Cobalt  ва Мис Конго пайванд мезанад . Дар ҳамин робита , « Nandita Lal » , таҳлилгари масоили иқлимӣ , дар торнамоӣ « New Arab » , навиштааст ки муомилаӣ « сулҳ » миёни Руанда ва Ҷумҳурии демократики Конго ки бо миёнҷигарии Амрикои анҷом шуда , аслан ба сулҳ рабтӣ надорад , балки як сирқати ширкатии тавассути Вашингтон аз манобеи маъдании Конго аст .

Вай муътақидаст ки пушти ҳар ваъдаи сабзи Амрико , улгӯи ошно наҳуфтааст : Истихроҷ , баҳракашӣ , маҳв кардан .

Дар ин таҳлил омадааст : Ҷумҳурии демократики Конгои наздик ба 70٪ куболти дунё ва бахши умдае аз мису кӯлатони ҷаҳонро тавлид мекунад ; маводи маъданӣ ки барои ҳар чизе , аз худруҳои электрикӣ то системаҳои пешрафтаи таслеҳотӣ , ҳаётӣ ҳастанд . Бо ин ҳол , ин сарвати азими маъдании ҳаргиз ба муҳаррики тавсеа барои мардуми Конго табдил нашудаасту маъданчиони ин кишвар ҳамчунон дар сояи фақр кор мекунанд .

Ба эътиқоди нависанда , муъодилоти истиъморгарона ҳамчун гузашта ба қӯти худ боқӣ ҳастанд фақат бозигарон барои баҳраи кашии номҳои ҷадидӣ доранд , аз қабил , « Glencore » , « Tesla »ва Вазорати дифои Амрико « Пентогун » .

Вай ба унвони намӯна аз ширкат « Glencore » ном мебарад , ширкате, ки аз сӯйи маркази мутолиъоти стротежик ва байналмилалӣ ( CSIS ) мустақар дар Амрико дар робита бо Конго , муаррифӣ мешавад . Ба гуфтаи ин таҳлилгар , « Glencore » ширкатии чандмиллиятӣ дар заминаи тиҷорату истихроҷи маводи маъданӣ ва энержӣ аст ки дар Ҷумҳурии демократики Конго низ фаъолият дораду борҳо ба фасоду нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвари муттаҳам шудааст .

«Lal» афзӯд дар гузориши ахир « Francesca Albanese » , гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Фаластин ҳам шоҳид он ҳастем ки , Glencore ба унвони яке аз таъминкунандагони аслии зуғолсанг барои тавлиди барқи Исроил ном барда шудааст ва ин яъне истисмори тавассути ноқизони ҳуқуқи башар .

Маводи маъдании Конго ; Сӯхти барои мотори низомии Амрико

Ин таҳлилгари масоили иқлимӣ таъкид кард : Дар ҳоле ки бозаргонони ҷанги ғарб , фаластиниҳо , Яманиҳо , Сумолиҳо , Ироқиҳо ва сӯриҳоро бомбаборон мекунанд , Пентогун бо қарордодҳои рекордшикан аз онҳо тақдир мекунад . Ҷаҳони ҷануб мемирад то Wall Street зинда бимонад .

Ба гуфтаи вай , кантрол бар маодини Конго барои Амрико як интихоб нест , балки шарти бақои онаст ва ҳар паҳпод , ҳар силоҳи ҳуши маснӯъӣ , ҳар занҷираи таъмини фанноварӣ , бо истихроҷи манобеи ҷаҳонии ҷануб кор мекунад .

«Нондито Лал » дар поён , дарбораи қарордоди ахири сулҳи миёни Руанда ва Конго хотирнишон кард : Ин « муомилаи сулҳ » фақат ғорати империалистиро дар бастабандии ҷадидӣ арза мекунад ва истихроҷи манобеи тавассути ширкатҳои ғарбиро таҳти унвони « занҷираҳои арзиши маъдании расмӣ » қонӯнӣ месозад .

Your Comment

You are replying to: .
captcha