Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Русия Ал-Явм, «Андрей Белоусов» вазири дифоъи Русия таъкид кард: "Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил алайҳи таъсисот ва зерсохтҳои Эрон нақзи ошкори маншури Созмони Милали Муттаҳид ва қонунҳои байналмилалӣ ба шумор меравад."
Вай афзуд: "Вазъияти низомӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон муташанниҷ шуда ва эҳтимоли вуқуъи даргириҳо ба сурати хатарнок афзоиш ёфтааст. Даргирии Эрон ва Исроил вазъиятро дар минтақа ба сурати густардае вахим кардааст."
Белоусов илова кард: "Русия иқдомоти Исроил ва Амрикоро алайҳи Эрон маҳкум карда ва аз омодагии худ барои кӯмак ба коҳиши танишҳо ва дар ростои миёнҷигарӣ хабар додааст."
Вай баён кард: "Эътилофҳои дорои руйкардҳои хусумона дар қолиби Русия ва Чин, ки аз сӯи Амрико ва Англия эҷод шудаанд, таъсироти вайронгаре бар суботи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором доранд."
Белоусов дар хусуси ҷанги Укроин низ гуфт: "Тӯлонӣ шудани ҷанг аз тариқи муҷаҳҳаз кардани Укроин ба силоҳ боис мешавад суботи қорраи Аврупо низ дар маърази таҳдид қарор бигирад."
Your Comment