17 Май 2025 - 23:28
Source: Parstoday
Ахбор/ Покистон : Ҳаргиз Исроилро ба расимият нахоҳем шинохт؛ Ҳимояти Чин аз ҳуқуқи ҳастаии Эрон

Вазири саноъеи дифои Покистон гуфт: Исломобод ҳаргиз режими Исроилро ба расмият нахоҳад шинохт.

Ба гузориши Порс тудей, Муҳаммадризо Ҳаёти вазири саноъе дифоии Покистон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти ахири Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар Арабистони Саъудӣ пиромуни тарҳи созиш бо режими саҳюнист гуфт: Исроил дар танишҳои шибҳи Қора даст дорад ва мавзеъи мо устувор аст, ки Покистон ҳаргиз режими Исроилро ба расмият нахоҳад шинохт. Вай изҳор дошт, ки мардум, давлат ва нерӯҳои муссалаҳи Покистон ҳаргиз аз ҳимояти мардуми Кашмир ақабнишинӣ нахоҳанд кард ва медонем, ки режими Исроил бо ҳамдастии бархе аз кишвраҳо дар пайи зарба задан ба Исломобод аст.

Натанияҳу аз тарси боздошт аз сафар ба  Ватикан мунсариф шуд

Рӯзномаи саҳюнистӣ  «Yedioth Ahronoth»  чопи сарзаминҳои ишғолӣ ҷумъа шаб дар ташреҳи инсирофи Бинямин Натанияҳу нахуствазири Исроил аз ин сафар навишт, ки вай тамоюл дошт дар маросими таҳлифи Попи ҷадид дар Витикан ширкат кунад, аммо ба далели нигаронӣ аз иҷроӣ эҳтимолии ҳукми боздошти содир шуда алайҳи ӯ, аз ин сафар мунсариф шудааст. Девони байналмиллалии кайфари Лоҳа дар таърихи 21 ноябри 2024   (якуми озари 1403) ҳукми боздошти Натанияҳу ва Галлант-ро ба иттҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва истифода аз гурӯснагӣ ба унвони як силоҳ алайҳи мардуми Ғазза содир кард.

Раиси Шӯрои Аврупо: Қавонини байналмиллалӣ дар қиболи Ғазза ба таври систематик нақз мешавад

António Costa Раиси Шӯрои Аврупо вазъияти Борикаи Ғаззаро «терожиди инсонӣ» хонд ва гуфт, ки қавонини байналмиллал дар қиболи ин Борика  « ба таври системотик нақз мешавад.» Изҳороти Косто дар ҳоле аст, ки шомгоҳи гузашта сарони ҳафт кишвари аврупоӣ дар баёнияи  муштараки бо таъкид бар инки дар муқобили фоҷеъаи инсонӣ дар Борикаи Ғазза сокит намемонанд, хостори лағви комили муҳосираи ин Борика тавассути режими саҳюнистӣ шуданд.

Чин: Ба ҳаққи Эрон барои истифода аз энержии ҳастаӣ эҳтиром мегузорем

«Лин Ҷиён»  Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар Конфронси хабарӣ бо ҳузӯри хабарнигорон гуфт: Чин ба ёфтани роҳи ҳали сиёсӣ ва дипламатик барои масоъили ҳастаии Эрон мутаъаҳид аст. Вай таъкид кард: Мо барои таъаҳуди Эрон дар мавриди адами тавсиаи таслеҳоти ҳастаӣ аҳамият қоилем, Ба ҳаққи Эрон барои истифодаи сулҳомези энержии ҳастаӣ эҳтиром мегузорем ва бо ҳаргуна таҳрими якҷонибаи ғайри қонуни мухолифем.

Исломӣ: Аҳдофи барномаи ҳастаии Эрон шафоф ва сулҳомез аст

Муҳаммади Исломӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи ҷумъа дар нишаст бо аъзои ниҳоди байналмиллалии Pugwash таъкид кард, ки тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳти назорати Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва бо аҳдофи сулҳомез анҷом мешавад. Вай бо баёни инки душманон ба дунболи тасвирсозии нодуруст аз барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд, Аз анҷоми 450 бозрасии Ожонс аз таъсисоти ҳастаии Эрон дар соли 2024 хабар дод.

Your Comment

You are replying to: .
captcha