17 Май 2025 - 23:27
Source: Parstoday
Ғарби Осиё | хурӯҷи киштии Трумэн аз минтақа ва амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ; шаҳодати 115 фаластинӣ

Порстудей - Як мақоми амрикоӣ аз хурӯҷи киштии ҳавопаймобари «USS Гарри Трумэн» аз минтақа хабар дод .

Ба гузориши Порстудей , як мақоми амрикоӣ ҷумъашаб эътироф кард, ки нов(киштии ҳавопаймобар)и «USS Гарри Трумэн» дар ҳоли тарки минтақа ( ғарби Асия )аст ва ҳеҷ барномае барои ҷойгузинии он дар дастури кор қарор надорад .Ин нов, ки муддате дар баҳри Сурх мустақар буд , таи ин муддат борҳо ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии неруҳои яманӣ қарор гирифт. Пеш аз эъломи тавофуқи оташбас Амрико барои тақвияти ҳузури баҳрии худ , нови дигари худ, яъне «USS Карл Винсон»-ро низ ба минтақа эъзом карда буд . Аммо ин иқдом низ дар коҳиши шиддати ҳамлаҳои Ансоруллоҳ бенатиҷа монд,  нови дувум низ дар тирраси ҳамлаҳо қарор гирифт . Яман | Мақоми баландпояи Ансоруллоҳ : Ҳузури Амрико минтақаро ба майдони ҷанги тамомайёр табдил кардааст Дар ҳамин ҳол Насриддин Омир, муовини Созмони иттилоърасонии Ансоруллоҳи Яман ҷумъашаб бо интиқод аз ҳузури низомии Иёлоти муттаҳида дар баҳри Сурх афзуд : Ҳузури амрикоиҳо ин минтақаи роҳбурдиро ба як майдони ҷанги тамомайёр табдил кардааст .

Омир, ки бо шабакаи Алҷазира сухан мегуфт , таъкид кард : Нови ҳавопаймобари амрикоии « Трумэн » дар маъмурияти худ ноком мондааст . Вай бо ишора ба таҳаввулоти майдонӣ ва мавозиъи Вашингтону Тел-Авив гуфт : Исроил имрӯз беш аз ҳар замони дигаре заъфи худро нишон дода ва Амрико низ ошкоро аз он даст кашидааст . Сарзаминҳои ишғолӣ |Амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ Ҳамчунин манобеи режими саҳюнистӣ шомгоҳи гузашта гузориш доданд, ки ахбору гузоришҳои аввалия нишон медиҳад, ки дар атрофи Масҷидулақсо ба неруҳои исроилӣ ҳамла шудааст .

Ин манобеъ эълом карданд, ки ба чанд саҳюнист дар наздикии боби Алсилсила, яке аз дарвозаҳои Масҷидулақсо дар шаҳри Қудс бо силоҳи сард ҳамла шудааст . Ба гуфтаи ин манобеъ дар ин амалиёт як неруи амниятии исроилӣ захмӣ шудааст . Ин дуюмин ҳамла ба саҳюнистҳо дар чанд рӯз гузаштааст , ду рӯз пеш низ як худрави ҳомили чанд шаҳракнишини саҳюнист дар наздикии шаҳраки Салафят дар шимоли Каронаи бохтарӣ ҳадафи тирандозии ҷавонони фаластинӣ қарор гирифт, ки дар ҷараёни он як саҳюнист кушта ва 2 тани дигар захмӣ шуданд . Фаластин |115 фаластинӣ дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ шаҳид шуданд Хабари дигар инки манобеи пизишкии фаластинӣ рӯзи ҷумъа эълом карданд, ки дар ҳамалоти ҳавоии 24 соъати гузаштаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза , камаш 115 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд . Дар пайи ин ҷинояти саҳюнистҳо Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард : Шумори қурбониёни таҷовузи режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 ( 15 меҳри 1402 ) то кунун ба 53 ҳазору 119 шаҳид ва 120 ҳазору 214 захмӣ афзоиш ёфт .

Сурия | даргирии байни неруҳои « ҚСД » ва « ДИИШ » дар шарқи Сурия Неруҳои демократии Сурия ( ҚСД) аз вуқуъи даргириҳои мусаллаҳона байни ин гуруҳ ва гуруҳи террористии ДИИШ дар шарқи Дайруззур, дар шарқи Сурия хабар дод . Ин гуруҳ дар баёнияе эълом кард, ки асри панҷшанбе даргириҳое байни неруҳои ҚСД ва як гуруҳи вобаста ба ДИИШ дар минтақа « Абӯ Ҳаммом » дар атрофи шарқии Дайруззур рух дод . Ироқи |Сафари вазири хориҷаи Ироқ ба Теҳрони пас аз иҷлоси Иттиҳодияи Араб Фуод Ҳусайн-вазири умӯри хориҷаи Ироқ гуфт : Пас аз иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб, ки имрӯз шанбе ба мизбонии Бағдод баргузор мешавад, барои дидор бо мақомоти Эрон ба Теҳрон сафар хоҳам кард

Your Comment

You are replying to: .
captcha