3 Ноябр 2020 - 21:03
Раҳбари муъаззами инқилоб: Хашми мусулмонон аз тавҳин ба пайёмбар (с), нишони зинда будани уммати исломӣ аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, хашму эътирози мусулмонон дар баробари тавҳин ба соҳати пайёмбари ислом (с)-ро нишон аз зинда будани уммати исломӣ донистанд.

ABNA24 : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз (сешанбе) дар суханронии телевизионӣ ба муносибати ҳабдаҳуми рабиъулаввал, солрӯзи валодати ҳазрати Расули акрам (с) ва ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а) бо табрики ин рӯз гуфтанд: Имрӯз душмани аслии ислом, истикбору саҳюнизм аст, ки бо ислом бо ҳамаи вуҷудашон муқобила ва мубориза мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи пайёмбари ислом (с) дар Париж афзуданд: Як карикатурист як ғалате кардааст, аммо ин фақат инҳирофу фасоди як ҳунарманд нест балки масаълаи сиёсати давлате аст, ки аз ин кори ғалат ҳимоят мекунад ва мақоми сиёсӣ, ки ба сароҳат пуштибонии худро эълом мекунад.

  • Моҳияти воқеии Чарлӣ Эбдо (Карикатура)

  • Тавҳини дубораи нашрияи Charlie Hebdo ба соҳати муқаддаси Паёмбари акрам (с)

Дифои Фаронса аз ваҳшигарӣ, рӯи дигари дифо аз гурӯҳаки мунофиқин ва Саддом

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Давлати Фаронса ин моҷароро ба ҳуқуқи башар ва озодии баён рабт медиҳад ва ин ҳамон сиёсате аст, ки хашинтарин террористҳои дунёро дар худ ҷой додааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки ҳамин давлати Фаронса ба гурги хунхоре мисли Саддом дар давраи ҷанги таҳмилӣ бештарини кумакро кард афзуданд: Дифоъ аз ваҳшигарии фарҳангӣ ва амали ҷинояткоронаи як карикатурист, рӯи дигари сиккаи ҳимоят аз мунофиқин ва ҳимоят аз Саддом аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Ин террористҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки раиси ҷумҳурӣ, раиси қувваи қазоия ва нахуствазир ва оҳодди мутаъаддиде аз масъулин ва 17 ҳазор нафар аз мардуми кӯчаву бозорро дар Эрон ба шаҳодат расонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки хашму эътирози уммати исломӣ дар баробари ин ҳодиса нишонаи зинда будани дунёи ислом аст гуфтанд: Албатта бархе ҳукком ҳақорати худро нишон доданд, аммо ағлаб аз ҳувияти исломии худ дифоъ карданд.

  • Идомаи вокунишҳои ҷаҳони ислом ба изҳороти исломситезонаи Макрон

  • Тазоҳурот дар Бангладеш дар эътироз ба иҳонат ба соҳати муқаддаси Паёмбар (с)

Чеҳраи нӯронии пайёмбари ислом бо ин иҳонатҳо хадшадор намешавад

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Иқдомоти ахир алайҳи чеҳраи нӯронии пайёмбари аъзам (с), зоти зулмонӣ ва тамаддуни ваҳшии он‌ҳост.

Ишон таъкид карданд: Чеҳраи нӯронии пайёмбари раҳмат бо амсоли ин корҳое, ки ахиран анҷом шуд ва қаблан ҳам анҷом шуда буд, хадшадор намешавад, балки рӯз ба рӯз ин офтоб дурахшонтар мешаваду ҳамчуноне, ки мушрикони Макка ва Тоиф дар он рӯз бо он ҳама талоше, ки карданд натавонистанд номи пайёмбари муқаддаси исломро пинҳон кунанд, имрӯз ҳам инҳо нахоҳанд тавонист, аммо аз ин иқдомот як нукта фаҳмида мешавад ва он ин аст, ки ин корҳо нишонаи зоти зулмонии тамаддуни Ғарб аст.

Ҷанги Қарабоғ бояд ҳар чи зудтар тамом шавад

Раҳбари муъаззами инқилоб дар вокуниш ба ҷанги Қарабоғ гуфтанд: Ҷанге, ки байни ду ҳамсояи мо барқарор аст ҳодисаи талхе аст ва боистӣ ҳар чи зудтар тамом шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Сарзаминҳои Озарбойҷон ҳама бояд озод шавад, амнияти аромана бояд маҳфуз бошад, ба марзҳои байналмиллалӣ набояд таҷовуз шавад ва террористҳо ҳам ба марзҳои мо наздик нашаванд, ки агар наздик шаванд бо онҳо бархурд хоҳад шуд.

  • Поёни ишғолгарии Арманистон; пояи аслии тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғ

Амрикои имрӯз ҳамон Фиръавни Миср аст

Раҳбари  инқилоб Амрикои имрӯзро ҳамон Фиръавни Миср ва тоғӯти рӯзгори мо донистанд ва фармуданд: Фиръавн дар замони худ дар маҳдудаи Миср ҳар коре, ки мехост мекард, аммо имрӯз Амрико, ки монанди Фиръавни замони Миср аст, фақат ба Амрико иктифо намекунад, балки ба кишварҳои дигар меравад ва ҷангафрӯзӣ мекунад ва пойгоҳ эҷод мекунад ва коре, ки имрӯз тоғутҳо анҷом медиҳанд, мутафовит аз он чизе аст, ки дар гузашта анҷом медоданд.

Ҳазрати ояутллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба раванди воқеаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико таъкид карданд: Сиёсати мо дар бароибари  Амрико, сиёсати мушаххасе аст ва бо рафту омади афрод тағйир пайдо намекунад.

Раҳбари инқилоб афзуданд: Инсофан режими Амрико ба шиддат дучори инҳитоти сиёсӣ ва инҳитоти маданӣ ва инҳитоти ахлоқӣ аст ва ин императорӣ дере нахоҳад пойид, зеро вақте ки кори як режим ба инҷо расид, хеле умри тӯлонӣ нахоҳад кард ва нобуд хоҳад шуд.

Таъкид бар иттиҳоди уммати исломӣ ба унвони роҳи дармонӣ барои ҳамаи дардҳои ҷаҳони ислом

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар аҳамияти ваҳдати исломӣ ба унвони дармони ҳамаи дардҳои уммати исломӣ ба ибтикори имоми роҳил ( раҳ ) дар номгузории айёми валодати пайёмбари ислом ба номи Ҳафтаи ваҳдат ишора карданд ва гуфтанд: Аҳамияти ин ибтикор яъне иттиҳоди фирқаҳои исломӣ дар ҷиҳатгириҳо дарк нашуд, аммо душман дарк кард, ки чиқадар ин мавзӯъ метавонад нуфузаш дар уммати исломиро кам кунад.

Фаластин, Фаластин хоҳад монад

Раҳбари фарзонаи инқилоби исломӣ ҳамчунин оддисозии равобити бархе давлатҳои исломӣ бо режими саҳюнистиро ёдовар шуданд ва изҳор карданд: Душманон масъалаи Фаластинро бо ҳаракати хоинонаи оддисозии равобит, камранг карданд ва боиси тороҷи ҳуқуқи миллати Фаластин шуданд; албатта масаълаи Фаластин поёнпазир нест, Фаластин  Фаластин хоҳад монад ва режими ҷаълии саҳюнистӣ нобуд хоҳад шуд.

342/