Понздаҳумин даври гуфтугуи ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрону Ҷопон рӯзи сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба гузориши Порс Тудей, раёсати ин давр аз гуфтугуҳо бар ӯҳдаи Муҳсини Имодӣ, дастёри мудири кулли занону ҳуқуқи башари вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Hirotaka Matsuo, муовини дастёри вазир, бахши сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷаи Ҷопон буд.
Дар ҷараёни ин гуфтугу, ҳар ду кишвар аз ҷумла перомуни иқдомоти худ дар заминаи ҳуқуқи башар ва ҳамкорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид баҳсу табодули назар карданд.
Хоҳархондагии Исфаҳони Эрон Киотои Ҷопон
Хабари дигар инки Саидмуртазо Сақоиённажод, шаҳрдори Исфаҳон дар ҳошияи дидор бо Tamaki Tsukada, сафири Ҷопон дар Эрон гуфт: Дар сӯрати инъиқоди ақди қарордоди хоҳархондагии Исфаҳону Киотои Ҷопон дастовардҳои бисёр хубе барои тавсеаи равобит миёни миллатҳои Эрону Ҷопон ва истифода аз тавоноиҳои дуҷониба эҷод хоҳад шуд. Вай наҷобат, пуштикору ҷасоратро аз вижагиҳои боризи мардуми Эрону Ҷопон муаррифӣ ва изҳор кард, табодулоти фарҳангӣ байни ду кишвар илова бар ошноии миллатҳо маваддат, садоқату дӯстиро ба ҳамроҳ дорад.
Шаҳри Исфаҳон дар маркази Эрон, яке аз машҳуртарин мақосид гардишгарӣ аст. Исфаҳон дар се давраи Буйиён, Салҷӯқиён ва Сафавиён пойтахти Эрон будааст, ба ҳамин далел, биноҳо ва осори торихии бисёре назири пулҳо, масоҷид, кохҳо, иморатҳо ва калисоҳо бо меъмории чашмгир дар он ба чашм мехӯранд. Бештари ҷозибаҳои торихии Исфаҳон дар феҳристи осори миллии Эрон ва бархе аз онҳо дар феҳристи мироси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор доранд. Майдони Нақши ҷаҳон, иморати Оли Қопу, Масҷиди имоми Исфаҳон, масҷиди Шайхи Лутфуллоҳ, Кохи чиҳилсутуни Исфаҳон, Чаҳор боғи аббосӣ, Кохи ҳашт биҳишт, Пули Хоҷу, бархе аз ҷозибаҳои гардишгарии устони Исфаҳони Эрон ҳастанд.
342/
Your Comment