Ба гузориши хабаргузории Абна, бархе манобеъи вобаста ба Ҳамос эълон карданд, ки пешниҳоди ҷадиде дар бораи тавқифи ҷанг дар Ғазза вуҷуд надорад.
Ин манобеъ изҳор карданд: Мо пешниҳоди ҷадиде дар бораи поёни ҷанг дар Ғазза дарёфт накардаем.
Манобеъи мазкур таъкид карданд: Ҳеч ҳайъате аз Ҳамос ба Қоҳира сафар накардааст, то пешниҳодҳои ҷадидро баррасӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин, шабакаи Би-би-сӣ гузориш дод, ки миёнҷигарон барои таҳаққуқи оташбас дар навори Ғазза пешниҳоди ҷадидеро хатоб ба режими саҳюнистӣ мубнӣ бар иҷрои оташбаси панҷ то ҳафтсола дар ин минтақа пешниҳод додаанд.
Бар асоси ин пешниҳоди ҷадиди Миср ва Қатар, тамоми асирони саҳюнистӣ дар ивази асирони фаластинӣ озод шуда, ҷанг ба сурати расмӣ ба поён расида ва режими саҳюнистӣ ба сурати комил аз навори Ғазза ақибнишинӣ мекунад.
342/
Your Comment