21 Апрел 2025 - 21:57
Source: ABNA
Папа Франсиск даргузашт

Ватикан аз марги пешвои католикҳои ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ахли Байт (а) — Абна — тибқи эълони Ватикан, Папа Франсиск, пешвои католикҳои ҷаҳон, пас аз гузаштани як давраи сахти беморӣ, дар синни 88-солагӣ даргузашт.

Папа Франсиск, пешвои католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш бемор буд ва ба гуфтаи Ватикан дар ҳоли шифо ёфтан буд, имрӯз (душанбе) даргузашт.

Папа Франсиск, ки 17 декабри соли 1936 дар Аргентина бо номи аслии Хорхе Марио Берголио таваллуд шудааст, дар соли 2001 унвони кардиналиро аз Папа Юҳанно Паул II дарёфт кард.

Берголио дар соли 2013 ба ҷои Бенедикт XVI ҳамчун папа интихоб шуд ва лақаби Франсискро барои худ интихоб кард. Ӯ аввалин узви тариқати иезуитҳо, аввалин папа аз қораи Амрико ва пас аз Григорий III, аввалин папаи ғайриаврупоӣ буд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha