Тадоввуми ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва Лубнон, ним миллион силоҳи амрикоӣ дар ихтиёри гурӯҳҳои шибҳи низомӣ дар Афғонистон, вурӯди Ароқчӣ ба Италия ва шикасти Ғраб дар ҷангӣ ниёбатӣ бо Русия гузидае аз охарин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс тудей мехонем:
Вуруди Ароқчӣ ба Италия
«Сайидаббоси Ароқчӣ » вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ бомдоди шанбе барои ширкат дар музокироти ғайримустақим бо Амрико вориди Рум пойтахти Италия шуданд . Ҳамзамон « Исмоили Бақоӣ » сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории даври дувуми гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Италия дар шабакаи иҷтимои Экс , таъкид кард : Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бо ҳусни ният ва рӯйкарди масъӯлона , таъаҳҳуди худро ба дипломасӣ ба унвони шевае мутамаддинона барои ҳали масоил , бо риояти манофеи олияи миллати Эрон , нишон додааст . Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар идомаи афзӯд : “ Дар айни ҳол медонем масири пеши рӯ ҳамвор нест . Мо бо чашмони бозу кулборӣ аз таҷрибаҳои гузашта , гом бармедорем . “
Орбан: Ғарб дар ҷанги ниёбатӣ бо Русия шикаст хӯрд
« Виктор Орбан » нахуствазири Маҷористон бо ишора ба инки ҷанги Украина бо Русия , ҷанги ниёбатии Ғарб алайҳ Маскав будааст , гуфт ки ғарбиҳо дар ин набард шикаст хӯрдаанд . Орбан дар гуфтугӯ бо канали « ОTV » дар Ютуб , афзӯ,д ки тамоми ҷаҳони Ғарб дар ҷанги Украина бо Русия , аз Киев ҳимоят кардаанд .
Тадовуми ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва Лубнон
Дар идомаи таҷовузоти низомии режими саҳюнистӣ ба хоки Лубнон, як фарванд паҳподи ин режим шомгоҳи ҷумъа як худрави шахсиро дар дар атрофи шаҳраки Rmaych, воқеъ дар ҷануби Лубнон, ҳадаф қарор дод. Манобеъи фаластинӣ низ ҳамзамон аз тадовуми ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ва шаҳодати як хабарнигор бар асари ин ҳамла хабар доданд.
Исроил рекорддори куштори кӯдакон дар ҷаҳон
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмӣ дар шабакаи иҷтимои Экс бо истинод ба гузорише аз сандӯқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид “ Юнесеф “ ёдоварӣ кард ки режими саҳюнистӣ аз ибтидои ҷанги Ғазза токунӯн ба сӯрати миёнгини 27 кӯдакро дар ҳар рӯз ба шаҳодат рисондааст .
Нахустин ҳамлаи яманиҳо ба нови Винсони Амрико дар дарёи Араб
« Яҳёи сариъ » сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дирӯз ҷумъа эълом кард, ки барои нахустинбор аз замони вуруди нов « Винсон » ба дарёи Араб , ин нов ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои яманӣ қарор гирифтааст . Аз сӯи дигар , нерӯҳои яманӣ аз муваффақияти сомонаҳои дифои ҳавоии худ дар сарнагӯнии як фарванди паҳподи амрикоӣ аз навии MQ - 9 дар осмони устони Санъо хабар доданд . Бар асоси эъломи манобеи яманӣ ин паҳпод дар ҳоли анҷоми маъмурияти хасмона буд .
Ним миллион силоҳи амрикоӣ дар ихтиёри гурӯҳҳои шибҳи низомӣ дар Афғонистон
«Fivstpost » дар гузорише эълом кард, ки беш аз ним миллион силоҳи амрикоӣ ки ба гурӯҳи Толибон дар Афғонистон расидааст , мафқуд , фурӯхта ё барои гурӯҳҳои шибҳи низомӣ қочоқ шудааст . Ин гузориш меафзояд, ки тибқи ёфтаҳои Созмони Милал бархе аз ин силоҳҳо ба дасти гурӯҳҳои вобаста ба Алқоъида афтодааст .
42/
Your Comment