Ба гузориши Порстудей, шайх Наим Қосим ҷумъашаб дар суханоне бо баёни инки муқовимати Лубнон дар марзҳои ҷанубӣ (ҳаммарз бо сарзаминҳои ишғолии Фаластин) Исроилро мутаваққиф кард ва монеъи дастёбии ин режим ба аҳдофаш шуд, афзуд: Ҳизбуллоҳ аз пешравии артиши режими Исроил ҷилавгирӣ ва ин режимро маҷбӯр ба тавофуқ кард ва агар пойдории муқовимат набуд, режими саҳюнистӣ ба таҷовузоти худ [дар ҷануби Лубнон] идома медод.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: Режими Исроил тавсеаталаб аст ва ба Фаластини ишғолӣ иктифо намекунад, балки мехоҳад Лубнонро низ тасарруф кунад.
Вай бо баён инки Ҳизбуллоҳ ба шакли комил ба тавофуқи оташбас пойбанд будааст, гуфт: Режими саҳюнистӣ аз замони тавофуқи оташбас беш аз 2700 бор ба Лубнон ҳамла кардааст.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳор дошт: То замоне, ки муқовимат дар канори артиш ва мардуми Лубнон вуҷуд дорад, режими саҳюнистӣ ба аҳдофи худ нахоҳад расид.
Изҳороти шайх Наим Қосим дар ҳоле аст, ки Алӣ Даъамваш-муовини Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам рӯзи ҷумъа дар суханоне таъкид кард, ки «саратоне» , ки Лубнон ва минтақаро тикка пора мекунад, Исроил аст, ки Амрико низ онро ҳамроҳӣ мекунад.
Даъамваш гуфт: Ҳадафи аслии Иёлоти муттаҳида аз ҳузур дар Лубнон, муҳофизат аз «Исроил» ва кумак ба ин режим барои таҳкими тасаллути худ ва дастёбӣ ба аҳдофаш дар минтақа аст.
Вай афзуд, ки Исроил ба таври мудовим тавофуқи оташбасро вайрон карда ва ба шаҳрвандони Лубнон ҳамла мекунад, дар ҳоле, ки Амрико ба таври комил аз ин таҷовузот ҳимоят мекунад, то Лубнонро таҳти фишор қарор диҳад ва ба хостаҳои худ таҳмил кунад.
Муовини Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ки ҳар касе хостори халъи силоҳи муқовимат пеш аз поёни таҳдидоти Исроил ва рафъи таҷовузоти ин режим бошад, амалан дар хидмати аҳдофи душман қарор дорад.
Вай изҳор кард: Баҳс дар бораи халъи силоҳи муқовимат дар ин марҳилаи замоне, мухолифи манофеъи Лубнон буда ва мӯҷиби тазъифи ҷойгоҳ ва қудрати кишвар мешавад.
Муовини шӯрои иҷрои Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: Мо таҳти таъсири бузургнамоиҳо ва фишорҳо қарор намегирем ва дар баробари ин гуна таҳдидҳо таслим намешавем.
342/
Your Comment