14 Апрел 2025 - 20:04
Source: IQNA
Таваккул дар Қуръон / 3 Робитаи таваккул бо имон ва тақво дар Қуръони Карим

Таваккул истилоҳест, ки маънои густардае дар ҳудуди дин, ирфон ва ахлоқ дорад ва бо мафоҳими гуногун пайванд ёфтааст, ки аз ҷумла бо имон ва тақво робитаи зич дорад.

Муштақот ва калимаҳои ҳамрешаи "таваккул" тақрибан дар ҳафтод маврид бо маъноҳои гуногун дар Қуръон истифода шудааст. Мешавад гуфт, муҳиму амиқтарин мазмуне, ки дар Қуръон дар иртибот бо таваккул зикр шудааст, имон аст. Ибораи:

«عَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ» “Бар Худо бояд мӯъминон таваккул кунанд”, дар чандин сураи Қуръон такрор шудааст, ки бо сароҳат таваккулро шарти имон медонад.

Оятҳои дигаре низ ба ҳамин маъно ишора доранд. Ба унвони намуна, дар қиссаи фармони ҳазрати Мусо (а) барои вуруд ба сарзамини муқаддас, Бани Исроил аз тарси гурӯҳи қавии муқими он сарзамин, аз анҷоми ин амр сар боз заданд (Моида: 21–22). Қуръон аз забони ду тан аз парҳезгорон мефармояд:

قَالَ رَجُلَانِ مِنَ الَّذِينَ يَخَافُونَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمَا ادْخُلُوا عَلَيْهِمُ الْبَابَ فَإِذَا دَخَلْتُمُوهُ فَإِنَّكُمْ غَالِبُونَ وَ عَلَى اللَّهِ فَتَوَكَّلُوا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

(Моида: 23)

Дар ин оят барои он ду нафар чанд васф зикр шудааст:

  • Аввал ин ки онҳо аз Худо тарс доштанд ва аз ғайри Худо наҳаросиданд; Сониян, онҳо аз неъмати илоҳӣ (яъне вилоят ва раҳмат) бархӯрдор буданд.

Натичаи ин ду хислат он буд, ки ба пирӯзӣ итминон доштанд. Ин сифот ба таваккул бар Худо мерасад, ки ҳам дар илм ва ҳам дар амал, заминаи иқдоми ҷиҳод мебошад. Дар анҷоми оят низ таъкид мешавад, ки шарти лозими таваккул имон аст.

Дар Қуръони Карим, таваккул дар канори тақво низ зикр шудааст:

«وَ مَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا * وَ يَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ وَ مَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ»
(Талоқ: 2–3)

Инчунин, дар ду ояти дигар, сабр бо таваккул якҷо омадааст: «الَّذِينَ صَبَرُوا وَ عَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ»
(Наҳл: 42; Анкабут: 59)

Аз ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки таваккул бо марҳилаи азм иртибот дорад ва дар амал бо мафоҳиме чун имон, таслим, эътимод, тақво ва сабр зуҳур мекунад. Ба баёни дигар, ҷамъбасти ин мафоҳим як шабакаи маъноӣ дар иртибот бо таваккул месозад, ки барои дарки беҳтари таваккул, таваҷҷуҳ ба ин мафоҳим таъсиргузор аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha