14 Апрел 2025 - 20:02
Source: IQNA
Эълони муҳлати ниҳоии вуруд ва хуруҷи зоирони Умра аз Макка

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ охирин муҳлати вуруд ва хуруҷи зоирони Умра ба шаҳри Маккаро бо ҳадафи омодагӣ барои қабули зоирони Ҳаҷҷи Таматтуъ дар соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ эълон кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи "Акоз", охирин рӯзи вуруди зоирони Умра ба Макка рӯзи якшанбеи 13 апрели 2025 эълон шудааст. Ҳамчунин, муҳлати ниҳоии хуруҷи онҳо аз Макка рӯзи сешанбе, 1 зулқаъда, мувофиқ бо 29 апрели 2025 муайян гардидааст.

Аз 29 апрел 2025, тамоми дорандагони навъҳои гуногуни раводид (визо) ба ҷуз аз визаи Ҳаҷ, иҷозаи вуруд ва иқомат дар Маккаро нахоҳанд дошт.

Ин тадбир дар чорчӯби таъмини беҳдошти зоирони Масҷидул-Ҳаром ва омодагӣ барои қабули зоирони Ҳаҷҷи соли 1446 андешида шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Арабистон дар баёнияе афзуд, ки аз рӯзҳои чаҳоршанбе, 25 шаввол (23 апрели 2025) афроди ғайрисаудии муқими Арабистон танҳо бо иҷозатномаи расмии ниҳодҳои марбута ҳаққи вуруд ба Маккаро хоҳанд дошт. Вуруд бидуни иҷозат манъ аст.

Иҷозати вуруд танҳо ба касоне дода мешавад, ки иқомати расмии сабтшуда дар Макка доранд, ё соҳиби иҷозатномаи Ҳаҷ мебошанд, ё бо иҷозати корӣ дар маконҳои мазҳабӣ фаъолият доранд.

Ин иҷозатномаҳо барои муқимон ва кормандон тариқи платформаҳои "Абшар афрод" ва "Бовобаи муқим" ба таври электронӣ содир мешавад.

Ҳамчунин, аз рӯзи 29 апрел, иҷозатномаҳои Умра, ки аз тариқи платформаи "Нусук" (Nusuk) барои шаҳрвандони Саудӣ, зоирони кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, муқимони ғайрисаудӣ ва дигар дорандагони визаҳо (ғайр аз Ҳаҷ) содир мешаванд, мутаваққиф хоҳанд шуд. Ин таълиқ то рӯзи душанбе, 14 зулҳиҷҷа 1446 мувофиқ бо 10 июни 2025 идома меёбад.

Вазорати Ҳаҷи Арабистон аз тамоми афрод, ширкатҳо ва муассисаҳои хидматрасони Ҳаҷ хост, ки ба ин дастурот эҳтиром гузоранд. Ҳамзамон ҳушдор дода шуд, ки бо нафарони мухолифи ин дастурот бархӯрдҳои қонунӣ сурат хоҳад гирифт.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha