11 Апрел 2025 - 18:43
Source: Parstoday
«Ба дӯстони Исроил эътимод надорем!» Чаро Эрон  Иморотро аз музокироти Теҳрон - Вашингтон ҳазф кард?

Як коршиноси эронӣ равобити наздики Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо режими саҳюнистиро муҳимтарин далел барои беэътимодии Эрон ба Абӯзабӣ дар ирсоли посух ба номаи Амрико барои музокирот бо Эрон донист.

Анвар Қарқош, мушовири дипломатии раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд вақти пеш дар раъси ҳайате расмӣ ворид Теҳрон шуд ва бо Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард. Қарқош дар ин дидор матни номаи ирсолшуда аз сӯи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хитоб ба имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилобро ба вазири хориҷаи Эрон таҳвил дод.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз торнамои «Хабар Онлайн», Расули Салимӣ, коршиноси сиёсӣ дар таҳлиле навишт: Яке аз муҳимтарин далоиле, ки Эрон аз ирсоли посух ба номаи Трамп аз тариқи Иморот худдорӣ кард, беэътимодӣ ба ин кишвар ба далели равобити наздикаш бо режими саҳюнистӣ аст. Иморот пештар бо имзои “Паймони Иброҳим”, равобити худро бо режими Исроил оддисозӣ кард, иқдоме ки аз диди Теҳрон ба маънои ҳамсӯӣ бо душмани аслиаш дар минтақа буд ва ин равобит ба маънои он аст, ки Абӯзабӣ наметавонад миёнҷии бетарафе барои Теҳрон бошад.

Собиқаи маҳдуду ғайриқобили эътимоди Иморот дар миёнҷигарӣ

Салимӣ афзуд: Бар хилофи Уммон, ки собиқае тӯлонӣ ва муваффақ дар миёнҷигарӣ байни Эрон ва Амрико дорад, Иморот таҷрибаи чандоне дар ин замина надораду бештар ба унвони як бозигари иқтисодӣ то як воситаи дипломатӣ шинохта мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки интихоби Иморот барои ирсоли номаи Трамп эҳтимолан ба далели равобити наздики Абӯзабӣ бо Вашингтон аст, на ба далели ҷойгоҳаш назди Эрон. Дар воқеъ, Иморот дар даҳаҳои гузашта бештар даргири рақобатҳои минтақаӣ бо Эрон, ба вижа бар сари ҷазоири сегона (Тунби бузург, Тунби кучак ва Абумусо) будааст.

Мулоҳизоти сиёсиву стратегии дохилӣ

Ба гуфтаи ин коршиноси сиёсӣ, тасмими Эрон барои истифода накардан аз Иморот ҳамчунин ба мулоҳизоти дохилӣ низ боз мегардад. Дар шароите ки таҳдидоти низомии Трамп ва танишҳои ҳастаӣ дар садри ахбор қарор дорад, ҳар гуна ҳамкорӣ бо кишваре ки ба Исроил наздик аст, метавонад дар дохили Эрон ба интиқодоти сиёсӣ мунҷар шавад.

Бетарафӣ ва сиёсати хориҷии мустақили Уммон

Дар ин таҳлил омадааст: Уммон бар хилофи Иморот, сиёсати хориҷии бетарафиро дунбол мекунад ва аз даргирӣ дар рақобатҳои минтақаӣ парҳез кардааст. Ин кишвар на танҳо равобити худро бо Эрон ҳифз карда, балки аз пайвастан ба эътилофҳои зиддиэронӣ монанди “Паймони Иброҳим” худдорӣ кардааст. Ин бетарафӣ бо мавқеияти ҷуғрофиёии Уммон дар тангаи Ҳурмуз тақвият мешавад, ҷое ки суботи он барои Эрону Амрико ҳаётӣ аст.

Ин коршиноси сиёсӣ истидлол мекунад, ки Уммон ба далели ин мавқеият, ангезае қавӣ барои коҳиши танишҳо дорад ва ин ангеза ба эътибори дипломатиаш афзудааст.

Равобити таърихӣ ва эътимоди мутақобил бо Эрон

Салимӣ дар идома афзуд: Равобити Эрону Уммон ба пеш аз инқилоби исломӣ боз мегардад ва ҳатто дар давраи таҳримҳо низ ҳифз шудааст. Уммон дар замони ҷанги Эрону Ироқ бетараф монд ва ба Теҳрон кумак кард то равобиташ бо кишварҳои арабиро беҳбуд бахшад. Ин эътимоди мутақобил Уммонро ба гузинае табиӣ барои Эрон табдил кардааст.

Расули Салимӣ, таҳлилгари сиёсӣ афзуд: Интихоби Уммон ба ҷои Иморот, бахше аз стратегияи Эрон барои ҳифзи истиқлол дар дипломатияи ғайримустақим аст. Эрон бо ин тасмим нишон дод, ки ҳозир нест ба каналҳое, ки аз сӯи Амрико ё муттаҳидонаш таҳмил мешавад, тан диҳад ва инро дипломатияи фаъол медонад, ки ҳадафаш ҳифзи мавзеи баробар дар баробари фишорҳои Амрико аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha