8 Апрел 2025 - 20:16
Source: Parstoday
Чаро Эрон бо Амрико мустақим музокира намекунад?

Ба тозагӣ Эрон номае аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дарёфт кардааст, ки шомили шароите ҷадид барои нишастан бар сари мизи музокирот буд.

Дар рӯзҳои ахир баҳси номанигорӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон ҳамчунон дар садри мавзӯҳои доғи маҳофили сиёсӣ – расонаии ҷаҳон қарор дорад. Доналд Трамп дар ин нома шароите ҷадид барои нишастан бар сари мизи музокирот эълом кард ва тибқи эъломи Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, сиёсати Теҳрон ҳамчунон мубтанӣ бар мухолифат бо музокираи мустақим дар шароити фишори ҳаддиаксарӣ аст.

Дар ин матлаб аз “Порс-Тудей”, ба далоили адами музокираи мустақими Эрон бо Амрико дар шароити кунунӣ пардохта шудааст.

Беэътимодӣ

Собиқаи мудохилоти Амрико дар Эрон (монанди кудатои 28 мурдоди 1332 ва ҳимоят аз режими паҳлавӣ) ва низ иқдомоти хасмона пас аз инқилоби 1357, боиси шаклгирии беэътимодии сохторӣ дар Эрон нисбат ба Амрико шудааст.

Аз нигоҳи Эрон, Амрико ҳамвора ба дунболи тағйири низом дар Эрон будааст. Ин нигариш пас аз изҳороти мақомоти амрикоӣ, монанди Доналд Трамп ташдид шудааст.

Стратегияи фишори ҳаддиаксарии Амрико

Сиёсати Амрико дар даврони Трамп ва то ҳадде Ҷо Байден, мубтанӣ бар таҳримҳои густардаи иқтисодӣ барои водор кардани Эрон ба пазириши хостаҳои Амрико будааст. Эрон ин рӯйкардро «зӯргӯӣ» медонад ва муътақид аст, музокираи таҳти фишор натиҷае ҷуз имтиёзи якҷониба нахоҳад дошт. Дар ин замина, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон зимни таъкид бар инки номаи Трамп дарбаргирандаи ҳеҷ гуна пешрафти ҷиддӣ дар бораи рафъи таҳримҳо набуда, баён кард: Рафтори Амрико қулдурӣ аст.

Таҷрибаи БарҶом

Хуруҷи Трамп аз БарҶом яке дигар аз далоиле аст, ки Эронро ба анҷоми музокираи ғайримустақим бо Амрико савқ медиҳад. Зеро тавофуқе ки ҳосили талоши дипломатии Эрон ва 5 қудрати Шӯрои Амният ва Олмон буд ва бо Қатъномаи 2231 Шӯрои Амният таъйид шуд, аз сӯи Трамп нақз шудааст. Фуоди Эзадӣ, устоди мутолеоти Амрико дар Донишгоҳи Теҳрон мегӯяд: Эрон таҷрибаи муваффақе дар музокира бо Амрико надоштааст ва ин музокирот дар қолаби БарҶом ду сол ба тӯл анҷомид ва тавофуқе ба даст омад, аммо дар ниҳоят давлати Барак Абама, раисиҷумҳури собиқи Амрико ба таври комил ба тааҳҳудоти худ амал накард ва пас аз он Трамп омад ва аз тавофуқ хориҷ шуд.

Террори фармондеҳи эронии мубориза бо терроризм

Террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи эронии мубориза бо терроризм ба дастури Трамп ва таҳдиди ҳамлаи низомӣ ба Эрон, аз дигар мавориде аст, ки Эронро ба анҷоми музокираи ғайримустақим бо Амрико мутамоил мекунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha