12 Март 2025 - 19:21
Source: Parstoday
Шайх Наим Қосим: Ҳаргиз муқовиматро канор нахоҳем гузошт/ Расидан ба хонаи Натанёҳу нишонаи қудрати муқовимат аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хитоб ба бархе мавзеъҳои ҳамсӯ бо Амрико гуфт: Ҳар коре мехоҳед анҷом диҳед, вале мо ҳаргиз муқовиматро мутаваққиф нахоҳем кард. Вақте мегӯем муқовимат идома дорад, яъне муқовимат дар саҳнаву майдон ҳузур дорад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон якшанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алманор” бо баёни инки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар марҳалаи ҷадиде қарор дорад, афзуд: Усули мо тағйир накарда ва фақат шеваҳо, роҳҳо ва мароҳил тағйир кардааст.

Ҳизбуллоҳ бузург ва дорои тавонмандиҳои бисёре аст

Шайх Наим Қосим афзуд: Ҳизбуллоҳ бузург ва дорои тавоноиҳои бисёре аст. Мо раҳбарону тавонмандиҳои зиёде дорем ва пас аз 10 рӯз аз оғози ҳамла, муҷаддадан тавонистем контроли авзоъро ба даст бигирем. Мо дар ҳоли анҷоми таҳқиқот ҳастем то дарси ибрат бигирем ва дар қалби набард тағироте эҷод кардем.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Муқовимат решадор ва мустаҳкам аст ва тарафдорони муқовимат содиқона омодаи таҳаммули сахтиҳо ҳастанд.

Расидан ба хонаи Натанёҳу нишонаи қудрати муқовимат аст

Шайх Наим Қосим дар ин мусоҳиба ба ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ ба хонаи Натанёҳу дар ҷараёни ҷанги режими Исроил алайҳи Лубнон ишора карду гуфт: Расидан ба хонаи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ нишондиҳандаи қудрати муқовимат аст, қодир будем ҳар маконеро мушакборон кунем, вале фақат ҳамла ба аҳдофи низомиро интихоб кардем.

Мардуми мо шаҳодатталаб ҳастанд

Шайх Наим Қосим дар идома, ҳузури мардум дар маросими ташйиъи пайкари шаҳидон Насруллоҳ ва Ҳошим Сафиуддинро истисноӣ ва фавқулода донист ва хотирнишон кард: Бо вуҷуди шароит ва фишорҳо, ин мардум шаҳодатталаб ҳастанд ва касе дар хоб ҳам намебинад, ки метавонад онҳоро шикаст диҳад.

Қадрдонии шайх Наим Қосим аз миллати Эрон

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён бо қадрдонӣ аз ҳузури мардуми Эрон дар ин маросим афзуд: Аз миллати Эрон, ки ҳузурашон бо вуҷуди баста будани роҳҳо ба рӯяшон, барҷаста буд, дуруд мефиристам. Аз фаластиниҳо, яманиҳо, тунисиҳо ва дигар гуруҳҳо дар маросими ташйиъ ташаккур мекунам.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha