28 Феврал 2025 - 17:40
Режими саҳюнистӣ; аз буҳрони равонӣ то буҳрони расонаӣ

Расонаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” аз буҳрони равонӣ дар артиши ин режим хабар дод.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” фош кард, ки 170 ҳазор низомии исроилӣ, ки ахиран аз майдони ҷанг бозгаштаанд, дар барномаи дармонии вазорати ҷанги ин режим барои дарёфти ҳимояти равонӣ сабтином кардаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, бисёре аз низомиёни захираи исроилӣ, ки моҳҳо дар ҷанг ҳузур доштанд, ба дунболи дарёфти дармонҳои равоншиносӣ ҳастанд, аммо бо камбуди шадиди равондармонгарҳо мувоҷеҳанд. Ин тамоми моҷаро нест ва буҳрони равонӣ танҳо яке аз муъзалоте аст, ки ин рӯзҳо домони ин режимро гирифтааст.

Сайид Аъло Мусавӣ, коршиноси улуми сиёсӣ муътақид аст, ки Исроил бо буҳронҳои дохилӣ, шикастҳои низомӣ ва уфули қудрат мувоҷеҳ шудааст.

Амир Буҳбут, таҳлилгари низомии исроилӣ низ аз таниши шадид дар миёни фармондеҳони аршади артиши режими саҳюнистӣ дар остонаи интишори гузориши таҳқиқоти ҳамлаи 7 октябр хабар дод. Буҳбут гуфт, манобеи низомӣ фош карданд, ки натоиҷи аввалияи таҳқиқот боиси ихтилофоти шадид дар ситоди кулли артиш ва афзоиши беэътимодӣ байни раиси ҷадиди ин ситод ва генералҳои исроилӣ шудааст.

«Буҳрони вуҷудӣ» низ истилоҳи дигаре аст, ки як коршиноси низомии исроилӣ дар изҳори назараш дар бораи қудрат гирифтани беш аз пеши Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ба он пардохтааст. Яир Гулон, генерали собиқи исроилӣ ва муовини пешини фармондеҳи ситоди артиши ин режим бо баёни ин ки Ҳамос ҳамчунон контроли борикаи Ғаззаро ба даст дорад, гуфт: «Исроил на танҳо ба далели таҳдидҳои хориҷӣ, балки ба далели таҷзия ва ихтилофоти дохилӣ, бо ҷиддитарин буҳрони вуҷудӣ дар таърихи худ мувоҷеҳ аст».

Буҳрони шикасти расонаии Исроил низ ин рӯзҳо мавзӯе аст, ки коршиносони исроилӣ низ ба он эътироф доранд . Дар ҳамин робита Илон Луи, сухангӯи собиқи режими саҳюнистӣ дар таҳлиле гуфт, режими саҳюнистӣ ҳамвора барои аҳдофи тавсеаталабонаву машрӯиятбахшӣ ба иқдомоти худ бо пропогандаи расонаӣ, афкори умумиро бо худ ҳамроҳ карда буд, аммо амалиёти “Тӯфони Алақсо” нуқтаи атфе дар ин набард ба вуҷуд овард.

Ба гуфта вай, ин режим бо вуҷуди талоши фаровоне ки барои таҳти таъсир қарор додани афкори умумии ҷаҳон дар ҷанги Ғазза дошт ва ба рағми ба кор гирифтани ҳамаи тавони шабакаи расонаӣ дар ин арса, илова бар шикаст дар ҷанги низомиву адами дастёбӣ ба аҳдофи худ, дар набарди расонаӣ низ бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва натавонист бар ҷиноёту куштори худ дар Ғазза сарпӯш бигузорад.

342/