27 Феврал 2025 - 20:13
Ахбор | Трамп: Ба Украина кумак намекунем/ Ориф: Эрон қодир аст ниёзҳои дифоии ҳамсоягонро таъмин кунад

Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, гуфт: Қодир ба рафъи тамоми ниёзҳои дифоии кишвар ҳастем.

Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар «нуҳумин конфронси миллӣ ва аввалин конфронси байналмилалии радар ва сомонаҳои муроқибатӣ» дар Теҳрон бо таъкид бар инки рӯйкард ва роҳбурди низоми Ҷумҳурии исломӣ аз ҳамон рӯзҳои нахуст, авлавият додан ба илму донишгоҳ буд, гуфт: Имрӯз дасти бартарро дорем ва муддаӣ ҳастем, ки қодирем тамоми ниёзҳои дифоии худро таъмину илова бар ин ниёзҳои кишварҳои дӯсту ҳамсояро низ бароварда кунем.

Ба гузориши Порс тудей, Ориф афзуд: имрӯз дар ҳавзаи радар ба ҷойгоҳе расидаем, ки на танҳо ниёзи худро ба сӯрати комил бароварда мекунем, балкӣ содиркунандаи илму фанноварӣ низ ҳастем. Ҷавонони мо бо ангеза ва худбоварии комил, феъли метавонемро дар улӯми бисёр печида сарф кардаанд. Ин иддаоро дорем, ки дар фанновариҳои - так тавоно ҳастем; дар фанноварии нано тасмими гирифтем ҷузъи панҷ кишвари аввал бошему имрӯз рутбаи якрақамӣ дорем, дар ҳуши маснуӣ низ роҳбурди якрақамӣ шудан дорем.

Амрико | Трамп: Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кумаке барои Украина фароҳам намекунем

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо ишора ба музокироташ бо Русия рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба ин суол, ки оё дар оянда ба Украина кумак хоҳад кард, гуфт: Фикр мекунам, ки Аврупо то ҳадди зиёде масъӯли чунин (кумаке) хоҳад буд. Мо ҳеҷ чизе (барои Украина) таъмин намекунем. Ин мавзӯ дар бораи Аврупо ҳам сидқ мекунад.

Дигар ахбори муҳим:

Шарқи Осиё | Вожгунии автобуси ҳомили мақомоти давлатӣ дар Таиланд бо дастикам 18 қурбонӣ

Дар пайи вожгӯнии як дастгоҳи автобусу суқӯт ба даррае дар шарқи Таиланд, дастикам 18 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин автобус рӯзи сешанбе ба ҳамроҳи ду дастгоҳи автобуси дутабақаи дигар ҳомили мақомоти давлатӣ озими як боздиди майдонӣ дар шарқи Бангкок,, пойтахти Таиланд буд.

Ғарби Осиё | Ҳамлаи ҳавоӣ ва заминии режими саҳюнистӣ ба Сурия

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди чаҳоршанбе манотиқеро дар ҷануби Димишқ ва устони Даръо ҳадаф қарор додаанд. Бар асоси эъломи ин расонаҳо, неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ дар чаҳор навбат мақари лашкари якуми артиши Сурия дар ҷануби ғарби пойтахтро бомбаборон кардааст.

Ҷануби Осиё | Покистон: Режими Исроил решаи ноамниҳо дар Ғарби Осиё аст

Осим Ифтихор Аҳмад, ҷонишини намояндаи доими Покистон дар Созмони милал бомдоди чаҳоршанбе бо маҳкӯмияти идомаи таҷовузгарии режими саҳюнистӣ, ин режимро решаи аслии ноамнӣ ва буҳронҳои Ховари Миёна донист ва хостори иҷрои фаврӣ ва комили оташбас дар Ғазза шуд.

Радди пешниҳоди саҳюнистҳо барои идораи Ғазза аз сӯи Қоҳира

Пас аз онки Яир Лапид, раҳбари мухолифони Натаняҳу пешниҳоди идораи Ғазза аз сӯи Миср ба муддати 8 солро матраҳ кард, Қоҳира мухолифати худро бо ин тарҳ эълом кард. Манобеи огоҳи мисрӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, рӯзи сешанбе дар ин замина ба Ал Арабия гуфтанд: Қоҳира ҳар тарҳе барои идораи Ғаззаро рад мекунад.