Сайидризо Мирмуҳаммадӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бангладеш рӯзи сешанбе, зимни боздид аз Донишгоҳи Дакка, бо Ниёз Аҳмад Хон, раиси ҷадиди ин донишгоҳ дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Ниёз Аҳмад Хон бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар ва пешинаи ғании фарҳангиву тамаддунии Эрон гуфт: Пешрафтҳои илмиву фанноварии Ҷумҳурии исломӣ, зарфияти арзишманде барои ҳамкории бештар ва тавсеаи сатҳи равобиту муносиботи фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишии Эрон ва Бангладеш аст.
Раиси Донишгоҳи Дакка ҳамчунин баҳрамандии ҳар ду тараф аз ин зарфиятро хостор шуду афзуд: Мо ба дунболи тавсеаи Донишгоҳи Дакка ва иртиқои сатҳи илмиву омӯзишии он ҳастем ва дар ин масир ба иртиботу ҳамкорӣ бо кишварҳое назири Эрон, ки аз сатҳи болои дониш ва фанноварӣ бархӯрдоранд, алоқамандем.
Мирмуҳаммадӣ, ройзани фарҳангии Эрон ҳам дар ин дидор изҳор дошт, ройзании фарҳангии Эрон ба далели собиқаи тӯлонии ривоҷу расмияти забони форсӣ дар Бангладеш, ба унвони бахше аз шибҳиқораи Ҳинд ва вуҷуди ҳазорон вожаву калимаи форсӣ дар забони банголӣ, ки ёдгори он даврон аст, тавваҷуҳи вижае ба барномаҳову фаъолиятҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишии департаменти забони форсии Донишгоҳи Дакка дорад.
Ваии афзуд: Дар соли ҷорӣ ду тан аз аъзои ҳайати илмии департаменти забони форсии Донишгоҳи Дакка аз тарафи ройзании фарҳангии Эрон барои ширкат дар давраи донишафзоии 20 рӯза ба Эрон эъзом шуданд ва чандин нишасту барномаи илмӣ ҳам бо мушорикату ҳамкории ду тараф дар ин департамент баргузор шуд.
Мирмуҳаммадӣ дар идомаи суханонаш таъкид кард: Нишасте илмӣ ба муносибати рӯзи бузургдошти Низомии Ганҷавӣ, шоири барҷастаи эронӣ тайи рӯзҳои оянда аз тарафи ройзании фарҳангии Эрон бо ҳамкории департаменти забони форсӣ дар Донишгоҳи Дакка баргузор хоҳад шуд ва ба ҳамин муносибат утоқи Эрон дар ин департамент ифтитоҳ мешавад.
