Масъуди Пизишкиён асри дирӯз (сешанбе) дар дидори Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Теҳрон гуфт: Ду кишвар тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии худро дар бистари таомулоти фимобайн ва низ аз тариқи созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ чун Шанхай, Иттиҳодияи Авруосиё ва БРИКС дунбол мекунанд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Пизишкиён дар ин дидор бо рӯ ба рушди тавсиф кардани равобити фимобайн бар зарурати тасреъи раванди иҷрои тавофуқот бавижа тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдӣ миёни ду кишвар таъкид кард.
Эрону Русия манофеи муштараки зиёде дар тадовуми ҳамкориҳои муассири минтақаӣ бо якдигар доранд
Вазири хориҷаи Русия низ дар ин дидор гуфт: Ҳамаи талошашро барои тадовуму тасреъ дар раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳо ва низ иҷрои тавофуқоти фимобайн ба хусӯс тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдии ду кишвар ба кор хоҳад гирифт.
Лавров такмили раванди пайвастани Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро зарфияти ҷадиду муассир дар тақвияти равобити ду кишвар ба хусӯс дар заминаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ унвон кард ва гуфт: Эрону Русия манофеи муштараки зиёде дар тадовуми ҳамкориҳои муассири минтақаӣ бо якдигар доранд.
Ҳамкориҳои дуҷониба ва иқтисодӣ байни Эрону Русия ба суръат пеш меравад
Дар ҳамин ҳол Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии муштараки вазири хориҷаи Русия дар Теҳрон бо ишора ба инки мо гуфтугӯҳои созанда ва муфассале доштему мавзӯоти мухталифро баррасӣ кардем, гуфт: Дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқтисодӣ, ки ба суръат пеш меравад, ройзанӣ шуда, ҳамкориҳои мо дар ҳавзаи энержӣ, роҳи оҳан, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва ғайра нҷом мешавад, ҳамчунин мо дар бораи масоили минтақаӣ баҳсҳои хубе доштем.
Афзоиши табодулоти тиҷории Эрону Русия
Дар идома вазири хориҷаи Русия низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Бо вуҷуди фишорҳои ношӣ аз таҳримҳо, табодулоти тиҷории ду кишвар соли гузашта беш аз 13 дарсад афзоиш ёфтааст.
Лавров афзуд: Масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ баррасӣ шуд, Русия ва Эрон мусаммам ҳастанд, масоили ҷаҳониро бар асоси Маншури милали муттаҳид ва бо такя бар асли баробарии ҳокимияти давлатҳо ҳалу фасл кунанд.
Русия: Таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон ғайриқонӯнӣ аст
Мария Зоахарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ҳам дар Теҳрон гуфт: Ҳамаи таҳримҳои якҷонибаи Амрико, ки ба навъе бо давр задани Бар Ҷом вазъ шудаанд, ғайриқонӯнӣ ва номашрӯъ ҳастанд.
*Тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдии Эрону Русия дар ҷараёни сафари 17 январи Масъуди Пизишкиён ба Русияи тавассути руасои ҷумҳури ду кишвар ба имзо расид.
Дар ин замина Дориюши Сафаринажод, коршиноси масоили Русия дар гуфтугӯ бо шабакаи “Хабар” дар бораи сафари вазири умури хориҷаи Русия ба Эрон гуфт: Ин ки сафаре дар ин сатҳ ба баъд аз дидори русҳо ва амрикоиҳо анҷом мешавад, ҳокӣ аз аҳаммияти Эрон дар саҳнаи байналмилал аст.
Вай афзуд: Имрӯз Эрон, Русия ва Чин ба қудратҳои ҷадиди ҷаҳон табдил шудаанд ва се қудрати асаргузори ҷаҳонӣ ин се кишвар ҳастанд ва дар раванди пеши рӯ, маркази аслии қудрати сиёсӣ ва иқтисодии дунё ҳам дар ин байн рақам мехӯрад ва ҳатто агар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ҳам вуруд кунед, таркиби ин се кишвар иттифоқи бузургеро метавонад рақам бизанад.
Рӯҳуллоҳи Мудаббир, коршиносу таҳлилгари сиёсати хориҷӣ низ гуфт: Сафари Лавров ба Эрон мушаххасан баёнгари он аст, ки Русия нигоҳи бисёр дӯстонае ба равобит бо Эрон дорад.
Аз нигоҳи ин коршинос, тройкаи аврупоӣ инак дар муъодилоти ҷаҳонӣ камтарин нақше надоранду вазъияти онҳо ба қадре хароб аст, ки ҳатто амрикоиҳо онҳоро аз музокироти сулҳи Украина ҳазф карданд, ин маворид нишон медиҳад, ки Эрону Русия бояд равобити дӯстонаи худро таъмиқ диҳанд то дар як бозии бурд - бурд ширкат карда бошанд.
