Дейвид Брукс, коршиноси сиёсии амрикоӣ гуфт, навъе дугонаи “шарур” ё “аҳмақ” дар мавриди Трамп ва рафторҳояш вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, вай ба таври қатъӣ як аҳмақ аст!
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Дейвид Брукс, сутуннависи нашрияи «Ню-Йорк таймс» навишт: Инсонҳои шарур бо вуҷуди шарорати худ, ҳавзаи манофеашонро ба хубӣ мешиносанд, аммо афроди аҳмақ барои ҳамоқаташон ҳеҷ ҳадду марзе намебинанд ва ҳатто по рӯи манофеи худу кишварашон ҳам мегузоранд. Трамп қатъан ба ин гуруҳ тааллуқ дорад.
Мануша Шафиқ, устоди донишгоҳи Колумбия низ дар таҳлиле раисиҷумҳури Амрикоро аҳмақе хитоб мекунад, ки ин кишварро аз манзари гуфтумониву фикрӣ тиҳӣ кардааст. Шафиқ афзуд: Гӯё вай асри ҳаюлоҳоро дар Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳон ба роҳ андохтааст!
Томас Фридман, таҳлилгар ва сутуннависи барҷастаи амрикоӣ низ гуфтааст, ки Трамп қасд дорад давраи раёсати ҷумҳурии худро ба як давраи модомулумр табдил кунад. Ӯ мегӯяд: «Трамп ҷаҳонро воқеан монанди як мағозаи хурдафурӯшӣ дар “Бурҷи Трамп” мебинаду масалан ба Фаронса мегӯяд, ки Шумо барои ин мағозаи Богатифурӯшиатон иҷораи кофӣ пардохт намекунед! Ӯ Аврупоро ба унвони як блоки тиҷорӣ мебинад, ки метавонад аҳроми фишори зиёде бар Иёлоти Муттаҳида эъмол кунад, пас тарҷеҳ медиҳад онҳоро таҷзия кунад ва сипас бо ҳар як аз ин кишварҳо ба сурати ҷудогона музокира кунад, аммо ҳеҷ тасаввуре аз табаоти ин кор надорад».
Дар ҳамин замина Амиралии Абулфатҳ, коршиноси масоили Амрико низ дар “Экс” навишт: «Трамп ташнаи қудрати абадӣ аст, инки ё раисиҷумҳури модомулумр бошад ё подшоҳ. Аммо ин орзӯ бидуни кудатои низомӣ ё тағйири қонуни асосии Амрико имконпазир нест. Аввалӣ ба ҳимояти артиш ниёз дорад, ки артиш ҳимоят намекунад ва дувумӣ ба ҳимояти конгрессу иёлатҳо ниёз дорад, ки онҳо ҳам ҳимоят намекунанд».
342/
