Мақолаи ахири “Нюзвик” бо унвони «Исроил метавонад ҷаҳонро аз Эрони ҳастаӣ наҷот диҳад», навиштаи Яков Катз (Yaakov Katz), пажӯҳишгари аршад дар муассисаи яҳудии “Jewish People Policy”, мисли дигар лаффозиҳои ин нашрияи ҷангталаби амрикоӣ на танҳо як таҳлили сатҳӣ ва ҷонибдорона аст, балки беш аз ҳар чизи навиштории азҳамгусехта, барои ҷангталабӣ ва таблиғоти ниҳодҳои низомиву иқтисодии ҳомии ин ҷангҳо ба назар мерасад.
Дар ин мақола, нависанда бо эътимод ба нафсе хориқулода ва бо баҳра аз текники эҷоди фаромӯшии муваққат дар зеҳни мухотаб бобати ҷиноёти Исроил иддао мекунад, ки Исроил омода аст то ба танҳоӣ ҷаҳон (бихонед Ғарби истеъморгар)-ро аз “таҳдиди Эрон” наҷот диҳад.
Аммо пурсиш аслӣ ин ҷост: Агар Эрон вуҷуд надошта бошад, чӣ касе ҷаҳонро аз шарри аъзам, яъне Исроил наҷот хоҳад дод? Чӣ касе дар баробари нуфузи ошкору пинҳони саҳюнизм, ки сиёсатҳои ҷаҳониро ба ошӯб кашидаву бахше аз минтақаи Ғарби Осиёро ба замини сӯхта табдил кардааст, хоҳад истод?
Исроил - режиме ки бо нуфуз, сиёсати ҷаҳониро ба ошӯб мекашад
Нақши Исроил дар бисёре аз ошӯбҳои ҷаҳонӣ, чӣ ба сурати мустақим ва чӣ ғайримустақим, ғайриқобили инкор аст. Нуфузи ниҳодҳои саҳюнистӣ дар сиёсатҳои байналмилалӣ, ба вижа дар Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва ҳатто Созмони Милал, сиёсати ҷаҳониро аз масири адолату субот мунҳариф кардааст. Аз лоббиҳои қудратманде монанди Айпак (Кумитаи равобити умумии Амрико-Исроил), ки сиёсати хориҷии Амрикоро ба хидмати Исроил даровардаанд то талош барои барҳам задани тавофуқоти сулҳомез, ҳама нишон аз қудрати тахрибии Исроил дар саҳнаи ҷаҳонӣ дорад.
Барои мисол, дар даҳаҳои гузашта Исроил ба таври мудовим талош карда то бо нуфуз дар давлатҳои ғарбӣ монеъ аз шаклгирии ҳар гуна иттиҳод ё тавофуқе шавад, ки ба суди миллатҳои Ғарби Осиё бошад. Ҳамла ба Ироқ дар соли 2003, ки бар асоси иттилооти ғалат дар бораи силоҳҳои куштори ҷамъӣ сурат гирифт, бо ҳимояти мустақими лоббиҳои саҳюнистӣ ҳамроҳ буд ва натиҷаи он чизе ҷуз тахриби Ироқ ва эҷоди гуруҳҳои террористие монанди ДИИШ набуд.
Куштори аёну тавсеаи ҷанг дар Ғарби Осиё
Исроил солҳост, ки сиёсати “замини сӯхта”-ро дар Ғарби Осиё дунбол мекунад. Аз бомбаборонҳои бевақфа дар навори Ғазза ва қатли оми ғайринизомиёни фаластинӣ то террори донишмандони ҳастаии Эрон ва ҳамалоти ҳавоӣ ба Сурия, сиёсати Исроил ҳамвора бар густариши ҷангу бесуботӣ устувор будааст.
Навори Ғазза - ин зиндони рӯбози 2 миллионнафарӣ, намоде аз сиёсатҳои ваҳшиёнаи Исроил аст. Ҳамалоти мудовим ба ин минтақаву фишор бар Ғарб барои таҳримҳои бераҳмона алайҳи сокинони он, танҳо бахше аз нақзи ошкори ҳуқуқи башар тавассути Исроил аст. Бо ин ҳол, ҷаҳон ба далели нуфузи густардаи Исроил дар ниҳодҳои байналмилалӣ, сукут кардааст.
Барҳам задани демократия ва густариши террор
Яке дигар аз ҷанбаҳои мухарриби Исроил, талошҳои мудовими он барои тазъифи демократия дар кишварҳои минтақа ва ҳатто фаротар аз он аст. Дар Миср, Исроил аз кудатои низомии Абдулфаттоҳ Сиси ҳимоят кард ва ба саркӯби ҷунбишҳои мардумӣ доман зад. Дар Эрон, аз тариқи ҳимоят аз гуруҳҳои террористие монанди Муҷоҳидини халқ ва анҷоми амалиётҳои харобкорона, саъй дар эҷоди бесуботӣ ва тазъифи ҳокимияти кишвар доштааст.
Фаротар аз минтақа, Исроил дар террору нуфуз дар кишварҳои аврупоӣ ва ғайра низ даст доштаву дорад. Аз парвандаи ҷосусиҳои Моссад дар Олмон гирифта то талош барои мудохила дар интихоботи Британия, барҳам задани равобити Ҳинду Покистон бо тахрибгарӣ аз тариқи фазои маҷозӣ ва интишори иттилооти ғалат, бозигарӣ дар таҷзияи Судон, истисмори бахше аз равобити хориҷии Аргентина ба гувоҳи мақомоти сиёсии он кишвар, таҳмили сиёсӣ дар равобити хориҷии Полша, нуфуз дар порлумони Фаронсаву Маҷористон, тахриби равобити Мағрибу Испания ба гузориши додаҳои Фейсбук, бозигарӣ дар танишҳои қабилагии Либия ва иқдомоти ҷосусӣ ва рабоиши инсон дар ҷануби шарқии Осиё монанди Индонезия ва Таиланд, ҳама нишон медиҳанд, ки иқдомоти Исроил таҳдиде барои демократияи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Табдили Ғарби Осиё ба замини сӯхта
Ҳадафи ниҳоии Исроил аз сиёсатҳои ҷангталабонааш, эҷоди як минтақаи заиф, мутафарриқ ва бесубот аст, ки қудрате барои муқобила бо ин режим надошта бошад. Исроил бо таҳрику ҳимоят аз ҷангҳои дохилӣ дар Сурия, Яман ва ҳатто Ироқ (бавижа дар ҷараёни террори донишмандон), бахше аз ин сарзаминҳоро ба вайронае табдил кардааст, ки ҳеҷ қудрате дар он натавонад ба унвони таҳдиде барои Исроил амал кунад.
Таваҳҳуми қудрати низомии Исроил - муштҳое ки ба бод мехӯрад
Мақолаи “Нюзвик” талош мекунад Исроилро ба унвони як қудрати низомии шикастнопазир ба тасвир бикашад. Аммо воқеият ин аст, ки тавони низомии Исроил, агарчӣ аз технологияи пешрафтаи Амрико баҳра бурдааст, аммо фазоҳаташро дар баробари Ҳизбуллоҳи Лубнон, Эрон ва ҳатто Ҳамос нишон дод ва танҳо дар қиболи таҷҳизоти рокиду беҳаракати Сурия тавонист худро нишон диҳад.
Дар моҳҳои ахир, Эрон ду бор бо амалиётҳое таҳти унвони «Ваъдаи содиқ» мавҷе аз ҳамалоти мушакиро алайҳи режими Исроил анҷом додааст, ки на танҳо сомонаҳои дифоии Исроилро ба чолиш кашиду шумореро мунҳадим кард, балки нуқоти стратегии муҳимеро низ ҳадаф қарор дод. Дар амалиёти дувуми Эрон ба гувоҳи филмҳои мунташира, беш аз 70 дарсади мушакҳои руиятшуда аз падофанди режими Исроил гузаштанд. Эрониҳо албатта, худ аз исобати беш аз 180 мушак дар амалиёти дувум аз миёни 200 мушак сухан мегӯянд. Аз он сӯ, Ҳизбуллоҳ низ фориғ аз шаҳодати шуморе фармондеҳону дабири кулли машҳураш ҳамчунон ба унвони як неруи муқовимати қудратманд дар ҳоли таҳаррук аст ва на танҳо аз қудратварзӣ канор нарафта, балки суръати бозёбиаш ҳамагонро ба ҳайрат водоштааст. Дар ҷанги ахир низ Исроил ба рағми тамоми тавони низомии амрикоии худ, натавонист Ҳизбуллоҳро аз муодилаи қудрат ҳазф кунад ва маҷбур шуд ба оташбасе, ки амалан Ҳизбуллоҳро дар мавқеияте пазируфта шуда қарор медиҳад, тан диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳамос низ бо вуҷуди иддаои нависанда мабнӣ бар «нобудии комил», ҳамчунон дар ҳоли ворид кардани заработи сангин ба Исроил аст. Ҳамалоти мудовими Ҳамос ба таъсисоту худравҳои зиреҳии Исроил ва ҳатто куштори сарбозони таҷовузгару кӯдаккуши ин режим нишон медиҳад, ки ин гуруҳ, на танҳо нобуд нашуда, балки бо стратегияҳои чирикии худ ба неруе муқовиму ғайриқобили пешбинӣ табдил шудааст. Нуктаи муҳимтар дар мавриди Ҳизбуллоҳу Ҳамос то кунун ва ба гувоҳи таърих ин буда, ки ҳар бор азимтар аз бори қабл зоҳир мешаванду Исроил аз ин рӯ бояд мунтазири идомаи сахттаре бошад.
Ҷангталабӣ барои судоварӣ. Иқтисоди ҷанг дар пуштипардаи ин таҳлилҳо
Мақолаи Яков Катз бештар шабеҳ ба як руъёи хоболуду тасаввуроти ҷангбозии кӯдакона аст то як таҳлили воқеӣ ва бодалел. Нависанда ба ҷои ироаи як нигоҳи ҷомеъ ва печида ба воқеиятҳои Ғарби Осиё, ба дунболи таъйиди пешфарзҳои ҷангталабонаи худ аст.
Ончӣ дар мақолаи “Нюзвик” ба таври комил аён аст, ин аст, ки таблиғ барои ҷанг бо Эрон як иқдоми судовар барои ширкатҳои аслиҳасозӣ ва лоббиҳои низомӣ аст. Ҷанг дар ниҳоят суде ҷуз барои санъати низомии Ғарби истеъморӣ надорад. Аз ин рӯ, бояд гуфт, ин мақола ба ҷои таҳлили воқеъбинона, сирфан дар хидмати тақвияти пружаҳои ҷангталабонае аст, ки ҳазинаҳои инсонӣ ва иқтисодии онро мардуми Ғарби Осиё ва ба дунболи он ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа дар ҳавзаи энержӣ мепардозанд.
Агар Эрон набошад, ҷаҳон чӣ хоҳад кард?
Ҳоло фориғ аз он чӣ гуфта шуд, ба ростӣ агар Эрон набошад, чӣ касе дар баробари ин ҳаҷм аз сиёсатҳои мухарриб, куштор ва нуфузи Исроил дар ҷаҳон ва минтақа хоҳад истод?
Эрон на танҳо барои худ, балки барои кулли минтақа ва ҳатто ҷаҳон, як неруи боздоранда дар баробари ҷоҳталабиҳои бепоёни Исроил аст.
Дунё бояд бипазирад, ки Исроил на як мавҷудияти машруъ, балки як таҳдид барои суботу рушди ҷаҳонӣ аст.