Ин рӯзҳо дар ҳоле Сурия меҳвари таҳаввулоти минтақаву ҷаҳон шудааст, ки дар рӯйкарде ҳолливудӣ филмҳову тасовири зиёде нисбатдодашуда ба зиндонҳои ин кишвар мунташир мешавад, ки бештар хабарсозиҳои фейк ва сохтагӣ аст то аз як сӯ ҷиноёти террористҳову ғарбиҳо дар Сурия ҳошия шавад ва ҳам инки ҳавзаи амниятӣ барои идомаи ишғолгарии саҳюнистҳо дар минтақа фароҳам шавад.
Ба ҳамин баҳона рӯзномаи “Сиёсати рӯз” дар матлабе бо унвони “Фирори Амрикову Исроил аз роҳравҳои зиндонҳои Сурия”, нигоҳе ба шойеъасозиҳое, ки ин рӯзҳо дар хусуси ин зиндон матраҳ аст, карда, ки бахшҳое аз онро дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” мехонед:
Зиндони “Сайидноё” куҷост?
Зиндони “Сайидноё” дар фосилаи 30 километрии шимоли Димишқ қарор дорад ва дар соли 1987 бунёд шудааст. Ин зиндон, ки ба сурати сезилъӣ сохта шудааст, ду бахш дорад. Бахши аввал мавсум ба Сохтмони сурх аст, ки шомили зиндониёни сиёсӣ ва ғайринизомӣ будаву бахши дувум Сохтмони сафед номида мешавад, ки мухтаси зиндониёни низомӣ будааст.
Ин зиндон зери назари полиси амнияти умумии Сурия, вобаста ба вазорати дифоъ қарор дошт ва ба вижа баъд аз ҳаводиси соли 2011 ва ташдиди фаъолиятҳои террористӣ дар Сурия, сахтгириҳои зиёде алайҳи зиндониён дар ин зиндон сурат мегирифт. Бархе аз афроди боздоштшуда гузориш медиҳанд, ки чандин моҳ бидуни муҳокима дар ин зиндон маҳбус будаанд.
Гарчӣ созмонҳои ҳуқуқи башарӣ пеш аз соли 2011 низ муддаии бархе бадрафториҳо бо зиндониёни сиёсӣ дар Сурия буданд, аммо тайи як даҳаи гузашта бино бар гузоришҳои байналмилалӣ ва эъломи гуруҳҳои мухолифи давлати Сурия, илова бар ташдиди омори зиндониён дар зиндонҳои аслии Сурия, эъдому шиканҷаи зиндониён, ки умдатан аз миёни аъзои гуруҳҳои террористӣ буданд, низ афзоиш пайдо кардааст.
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Сурия дар январи 2021 эълом кард, ки ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин зиндон маҳбус ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои воқеитар теъдоди зиндониёнро байни 10 то 20 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд. Созмони Афви Байналмилал низ дар феврали 2017 гузориш дод, ки байни солҳои 2011 то 2015, яъне баъд аз оғози фаъолиятҳои гуруҳҳои террористӣ дар Сурия, ҳудуди 5 то 13 ҳазор нафар дар ин зиндон эъдом шудаанд.
Пуштипардаи афсонаҳои мовароӣ дар хусуси шиканҷаи зиндониёни сурӣ
Бадрафторӣ дар зиндонҳои Сурия гарчӣ воқеияте инкорнопазир аст, аммо бахши қобили таваҷҷуҳе аз зиндониёни мавҷуд дар “Сайидноё” ҳамфикрони гуруҳҳои террористӣ ҳастанд, ки ба тозагӣ дар Димишқ рӯи кор омадаанд. Ин афрод, ки дар гузашта дар гуруҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра ба унвони нусхаи қадимии ҳайати Таҳрир-уш-Шом узв буданд, аз соли 2011 то кунун ҷиноёти зиёдеро алайҳи ғайринизомиён ва афроди мухталиф дар Сурия анҷом додаанд, ки бисёре аз мардум тасовиру филмҳои онҳоро тайи як даҳаи гузашта дидаанду мардуми Сурия хотироти бисёр баде аз онҳо дар зеҳн доранд.
Дар ҳаёҳӯи тағйири ҳокимият дар Сурия аммо бархе зиндониёни собиқ бино бар аҳдофе мутафовит, ки аз ҷумлаи онҳо барҷастанамоии фаъолиятҳову муборизоти худашон алайҳи давлати Башор Асад ва гирифтани саҳм аз кейки ҳокимияти ҷадид аст, иқдом ба бузургнамоӣ дар хусуси шиканҷаҳои суратгирифта дар ин зиндон ва вуҷуди селлулҳои махфӣ дар он кардаанд.
Яке аз муҳимтарини ин шойеъот марбут ба даре махфӣ аст, ки аз ошпазхонаи зиндон ба як зеризамин хатм мешуда, ки ба Сохтмони сурх мерасидаву шомили 10 табақа зери замин буда, ки садҳо зиндонӣ дар он маҳбус будаанд!
Ин иддаоҳо, ки бештар ба афсона шабоҳат дорад, дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҷустуҷӯҳои неруҳои дифои маданӣ барои ёфтани чунин манотиқе номуваффақ будаву асосан вуҷуди чунин селлулҳое дар зиндон такзиб шудааст.
Шабакаи “Аларабия” яке аз муҳимтарин манобеи расонаие аст, ки иқдом ба интишори ахбори нодурусту мовароӣ аз ончӣ ки шиканҷаҳои ваҳшиёна дар зиндонҳои амниятии давлати Башор Асад хонда, мунташир мекунад. “Аларабия” дар ҳамин робита дар Фейсбуки худ муддаӣ шуд, ки даҳҳо зиндони махфӣ дар Сурия вуҷуд дорад, ки ҳанӯз шиносоӣ нашудаанд. Мавзӯе ки ҳатто тавассути гуруҳҳои мусаллат бар Сурия низ такзиб шудааст.
Гузоришҳои “Аларабия” дар ин робита умдатан бидуни манбаи мувассақ ва ҳатто бидуни ном бурдан аз ашхоси ифшогару симатҳои онҳо сурат гирифта ва нишон медиҳад, ки беш аз инки баргирифта аз воқеият бошад, бар асоси шантажҳои таблиғотӣ ҷиҳати машғул кардани мардум ба ин ахбор сурат гирифтааст.
Аҳдофи пуштипардаи интишори овозаҳо
Гарчӣ дар ҳар тағйиру таҳаввули ногаҳонии сиёсӣ, бурузи чунин овозаҳо табиӣ ба назар мерасаду афкори умумии кишвар алоқаи хосе ба иттилоъ аз пуштипардаҳои мавҷуд дар даврони ҳокимияти гузашта аз худ нишон медиҳанд, аммо самту сӯи овозапароканиҳои кунунӣ ва ҳаҷми болои ону моҳияти авомили расонаии ворид бар ин фаъолиятҳо, нишондиҳандаи аҳдофи созмонёфтаи пуштипардаи ин талошҳо аст.
Дар ҳоле ки террористҳои ҳоким бар Димишқ худро ҷараёнҳои ҷиҳодии исломгаро муаррифӣ мекунанд, аммо ҳеҷ таҳарруке валав ба сурати лафзӣ нисбат ба таҷовузҳои низомии режими саҳюнистӣ аз худ нишон намедиҳанд ва ҳатто ба сурати зимнӣ низ ҳузури низомии режими саҳюнистӣ, ки то наздикиҳои Димишқ пеш рафтаандро маҳкум намекунанд, афкори умумӣ навъе таноқуз дар гуфтору рафтори ин гуруҳҳо эҳсос мекунад. Ин шароит ниёзманди эҷоди шантажи таблиғотӣ барои инҳирофи афкори умумӣ аз таҳаррукоти саҳюнистҳо аст.