Ҷеймс Элдер, сухангӯи ЮНИСЕФ рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Женев бо ишора ба гузорише мабнӣ бар инки бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҳудӯди 44 ҳазор нафаре, ки дар ҷанги 13 моҳаи Ғазза ба шаҳодат расидаандро кӯдакон ташкил медиҳанд, ҳушдор дод: Шабоҳатҳои ваҳшатноке байни ҷанги Лубнону Ғазза вуҷӯд дорад, аз ин рӯ, куштори кӯдакон дар Лубнон низ ба сурати бесару садо ба амре мақбул табдил мешавад.
Ба гузориши Порс тудей, Ҷеймс Элдер дар бораи шаҳодати беш аз 200 кӯдак дар Лубнон дар камтар аз ду моҳ гуфт, дар ин бора улгӯи нигаронкунандае ба номи “оддисозӣ” эҷод шудааст.
342/