Алии Лориҷонӣ панҷшанбе дар нахустин мақсади сафари минтақаии худ ба Димишқ рафт то бо мақомҳои аршади Сурия дар бораи таҳаввулоти минтақа ва ҳамчунин муносиботи дуҷониба табодули назар кунад. Мушовири аршади раҳбари инқилоб пас аз Димишқ барои дидор бо мақомҳои лубнонӣ, роҳии Баерут шуд.
Ба гузориши Порс тудей, Лориҷонӣ дар ҳоле рӯзи ҷумъа вориди Бейрут шуд, ки ин сеюмин сафари як мақоми баландпояи эронӣ ба Лубнон тайи ҳудӯди 40 рӯзи ахир аст.
Дар ҳафтаҳои ахир Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷа ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон низ тайи сафарҳое, бо мақомҳои аршади лубнонӣ дар бораи мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла истимрори ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Лубнону Ғазза табодули назар карда буданд.
Яке аз нукоте, ки дар ҷараёни сафари мушовири раҳбари муаззами инқилоб ба Бейрут мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт, вуруди Лориҷонӣ ба фурудгоҳи Бейрут, он ҳам дар шароите буд, ки артиши режими саҳюнистӣ ҳамзамон дар ҳоли бомбаборони манотиқе дар атрофи ин минтақа буд. Ин мавзӯ бозтоби густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт.
Паёмҳои сафари Лориҷонӣ ба Димишқу Бейрут
Паёми нахуст: Сафари мақомҳои аршади эронӣ ба Бейруту Димишқ тайи моҳҳои ахир як паёми вижа дорад; инки Ҷумҳурии исломӣ таҳти ҳар шароите аз меҳвари муқовимат ҳимоят мекунаду дурӯғпардозиҳо ва фазосозиҳои расонаӣ, таъсире бар ин роҳбурди меҳварии Теҳрон надорад.
Паёми дувум: Расонаҳои ғарбӣ тайи моҳҳо ва ҳафтаҳои ахир талош карданд ин гуна ҷилва диҳанд, ки Димишқ дар ҳоли фосила гирифтан аз Теҳрону наздик шудан ба меҳвари ғарбӣ – арабӣ аст; иддаое, ки бо дурӯғпардозиҳои мухталифе низ ҳамроҳ шуд. Дар чунин шароите мабоҳиси матраҳ шуда дар ҷараёни сафари Лориҷонӣ ба Сурия нишон медиҳад, Теҳрону Димишқ ҳамчунон дар масири тавсеаи муносиботи дуҷониба гом бармедоранду дидгоҳҳои муштараке дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ доранд.
Паёми сеюм: Сафари Лориҷонӣ ба Бейрут дар шароите анҷом шуд, ки бар асоси эъломи расонаҳо, сафири Амрико дар Бейрут пешнависи тавофуқеро барои оташбас миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Набиҳ Берри, раиси порлумони ин кишвар таҳвил додааст; пешнависе, ки гуфта мешавад, бо назари мустақими Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико тадвин шудааст. Аз ин рӯ, сафари Лориҷонӣ ва ройзании Теҳрон – Бейрут дар бораи оташбас дар Лубнон нишон медиҳад, ки Эрон ҳомии барқарории оташбаси воқеӣ ва на таҳмилӣ аст.
Паёми чаҳорум: Дидори Лориҷонӣ бо мақомҳои аршади лубнонӣ, нишон дод бар хилофи фазосозии расонаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ, ҳамкориҳои роҳбурдии Теҳрону Бейрут дучори ҳеҷгуна халале нашудааст.
342/