Ин ҳамоиш бо ҳузури донишмандон ва муҳақиқон барҷаста ва руасои муъасисости илмии кишварҳои Муштаракул манофеъ баргузор шуд.
Дилрабои Мансурӣ , муовини нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон ба ширкаткунандагони баргузории ҳамоишро табрик гуфт ва иброз дошт ки ҳамоиши донишмандони кишварҳои Муштаракул манофеъи бастари суннатӣ барои баррасии вазъи имрӯз , оянда ва мавзӯоти ҷомеаи илмӣ , тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи табдил шудааст .
Намояндаи бунёди байни давлатии ҳамкориҳои бунёдини кишварҳои Муштаракул манофеъ , раҳбарони Академияҳои улуми Тоҷикистон , Русия , Беларусия , Қазоқистон , Озарбойҷон , Узбекистон , Қирғизистон ва Вазорат ва идороти марбӯта дар ин ҳамоиш суханронӣ карданд . .
342/