Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Муҳаммади Мухбир-сарпарасти раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Владимир Путин-раисҷумҳури Русия дар ҳошияи иҷлоси кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон бо ишора ба ҳамкориҳои рӯ ба густариши Эрон ва Русия ба вежа дар бахши иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳамлу нақл ва энергӣ бар суръат бахшилан дар такмили асосҳои ҳуқуқии ҳамкории ҷомеъи ду кишвар ва тасвиб ва иҷроӣ шудани он таъкид кард.
Раисҷумҳури Русия низ бо ибрози хурсандӣ аз равобити дӯстона, ногусастанӣ ва тағйирнопазири Маскав - Теҳрон, афзоиши сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ба вежа дар бахши иқтисодӣ ва тиҷорӣ, имзои тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва АвруОсиёро гоми муҳим дар ҷиҳати тавсеаи бештари ин ҳамкориҳо ва заминаи муносиб ҷиҳати баҳрамандии бештар аз таомулот бо кишварҳои узви ин иттиҳодия донист.
Путин бо ишора ба мавозеъи муштараки Русия ва Эрон дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла дар заминаи талош барои шаклгирии ҷаҳони чандқутбӣ, бар ҳимояти Русия аз пешниҳоди пайвастани Эрон ба иттиҳодияи АвруОсиё ба унвони узви нозир таъкид кард.
342/