Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Ши Ҷин Пейнг-раиси ҷумҳури Чин, Раҷаб Тайиб Ардуғон- раиси ҷумҳури Туркия, Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур Озарбойҷон, Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия, Абдулфаттоҳ Сисӣ-раиси ҷумҳури Миср, Ваган Хачаториён-раиси ҷумҳури Арманистон, Муҳаммад Мойзу-раиси ҷумҳури Малдив, Ронил Викрмосинга-раиси ҷумҳури Шри-Ланка, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳури Узбакистон аз ҷумла сарон кишварҳое ҳастанд, ки дар паёмҳое зимни иброз таслияти шаҳодати доктор Сайид Иброҳим Раисӣ бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ карданд.
Ибрози ҳамдардии беш аз 50 тан аз сарон ва мақомоти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо миллати Эрон
21 Май 2024 - 20:38
News ID: 1460229
Сарон ва мақомоти беш аз 50 кишвар, ниҳод ва созмони байналмилалӣ ва бархе шахсиятҳои минтақаӣ дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳур дар сониҳаи ҳавоӣ, бо ирсоли паёмҳое бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.