Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз як шанбе урдугоҳҳои Албариҷ ва Алмағозӣ дар марказ ва ҷануби маҳаллаи Алзитун дар шарқи борикаи Ғарра , ҳамчунин Диролбалҳ ва маҳаллаи Ассалом дар шарқи Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро бомбаборон карданд .
Низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ ба шаҳраки Байти Амр дар шимоли Алхалил воқеъ дар каронаи бохтарии ҳам юриши бурданд .
Ҷавонони фаластинӣ низ бо низомиёни ишғолгари исроилӣ дар шаҳраки Байти Фурик дар шарқи Наблос даргир шуданд .
Дар ҳамалоти мустамари артиши режими саҳюнистӣ ба борӣкаи ғазза аз 7 октябри соли гузашта токунун 34 ҳазору 654 фаластини шаҳид ва 77 ҳазору 908 нафар маҷруҳ шуданд.
342/