Дар ин нишаст аз 15 узви шурои амният, 12 узв ба ин қатъномаи рой мусбат доданд; Британиа ва Швейтсарияи рой мумтанеъ доданд ва Амрико бо рои манофеи худ ин қатъномаро вето кард; ба ин тартиб узвияти Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳиди боз ҳам бо монеъи Амрикои ру ба ру шуд.
Масъалаи узвияти Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид ва таҳаққуқи он ба манзалаи кобуси барои Тел-Авив аст аз ин ру ҳамвора бо мухолифати шадиди режими саҳюнистӣ ва ҳомии аслии он яъне Амрико ру ба ру шудааст.
Дар воқеъи амалишудан ин амр метавонад гомии бузург барои таҳаққуқи ташкили кишвари фаластинӣ маҳсуб шавад. Масъалае ки акнун бо тавваҷуҳ ба руйкор бӯдан яке аз ифротитарин кабинаҳои режими саҳюнистӣ ба манзалаи зарбаи сахт ба каёни режим саҳюнистӣ аст .
Ҷалъоден Урдон намояндаи режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал бо ҳарос аз таҳаққуқи ин амри муддаи шудааст ки иқдомоти Фаластин барои узвияти доим дар Созмони Милал шикаст хоҳад хурд ва Исроил аз ҳар равиши барои хунсокардани он истифода хоҳад кард вай афзуд Амрико ва дигари аъзои шурои амният низ бо он мухолифанд .
Фаластин акнун нозири доими дар Созмон Милаласт ва дар соли 2011 барои узвияти доими дар Созмони Милал дархост дода буд аз ин руи Фаластин дар моҳи апрел низ дар номае ба шӯрои амнияти Созмони Милал дархост кард ки пайвастани он ба Созмони Милали Муттаҳид ба унвони як узви доимии дубора баррасӣ шавад .
Мутобиқи қавонини ҷорӣ дар сурате ки 9 узв аз 15 узви Созмони Милали Муттаҳид ба дархости як кишвар брои узвият дар Созмони Милали Муттаҳиди рай мусбат диҳанд ба маҷмаъи умумӣ тавсия мешавад то мавзуро маврид барисӣ қарор диҳад албата ин амр дар сурате аст ки ҳеҷ як аз аъзои доими шӯрои амният яъне Британиа, Чин, Русия, Амрико ва Фаронса ба ин дархости рой манфӣ надиҳанд ва онро вето накунанд .
Ба расмияти шинохта шудани кишвари Фаластин бо тавваҷуҳ ба ҷанги Ғазза ва ҷиноёти густардаи режими саҳюнистии алайҳи фаластиниён ва ҳамчунин маҳкум шудани ин ҷиноёт аз суи афкори умумӣ дар ҷаҳон ба манзалаи зарбае корӣ ба режим саҳюнистӣ аст. Аз ин ру бори дигари Амрико ба унвони бузургтарин ҳомии ин режим ворид шуда ва бо ветои дархости Фаластин роҳро барои таҳаққуқи ин мавзу баста аст .
Иқдоми Вашингтон дарҳоли аст ки ин кишвар ҳамвора роҳкори ду давлатиро барои ҳали мунозиъаи Фаластин-Исроил матраҳ мекунад , аммо дар амал монеъи аз ба расмияти шинохта шудани ҳуқуқи мусаллам фаластиниён мешавад .
Роберт Вуву муовини сафири Амирк дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина гуфт: Амрико ҳамчунон қавӣян аз роҳи ҳали ду давлатӣ ҳимоят мекунад. Ин рай мухолифат бо ташкили кишвар Фаластин нест, балки ба маънои таъкид бар ин нукта аст ки чунин тасмими танҳо дар музокироти мустақими байни Исроил ва фаластиниҳо мумкин аст .
Амрико дар ҳоли аз музокира сухан ба миён оварад ки бо ҳимоятҳояш аз режими саҳюнистӣ , таъмини силаҳу буҷети низомӣ ҳамчунин мумонеат аз тасвибшудани қавонини зиди саҳюнистӣ дар ниҳодҳои байналмилалӣ амалан шарики ҷурми Исроили ва ҳофзи манофеи Тел-Авив аст. Дар воқеъи Амрико бо ветои ҳаргунаи дархостӣ ки дар ростои ҳуқуқ фаластиниён бошад амалан дасти режими саҳюнистиро барои идомаи ҳамалот ба Ғазза куштори фаластиниён ва нобудии комили зерсохтҳои он фароҳам сохта аст .
Акнун низ барағми маҳкумияти ҷаҳонии ҷиноёти Исроили алайҳи фаластиниён , бори дигари Амрикои фориғ аз ҳамаи дархостҳои ҷаҳонӣ ва иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ, бори дигари роҳро бар фаластиниён баста аст ва дар ин масир режими саҳюнистиро барои идомаи ҷиноёти худ ҳамроҳӣ мекунад.