4 Апрел 2024 - 14:30
Баёнияи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс - 1403

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс - 1403 баёнияе содир кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  матни баёнияи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бадин шарҳ аст .

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Дар солгарди ибтикори торихии Раҳбари кабири инқилоби исломӣ ва  бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) мабни бар номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ном « Рӯзи ҷаҳонии Қудс » , инак ормони Фаластин ва  озодии Қудси Шариф ба намоди ваҳдати оҳоди башарият аз ҳар нажоду дину оин дар саросари ҷаҳон дар дифоъ аз инсоният ва  озодагӣ , таҳаққуқи адолат ва  ибрози мухолифат бо ишғолгарӣ ва  зулму қатлу ҷинояти алайҳи миллати мазлум ва  таҳти муҳосираи Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ бадал шудааст .

Дар ин баёния омадааст ; давлату мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни маҳкӯм кардани шадиди нақзи фоҳиши қавонину муқаррароти байналмилалӣ , ҳуқуқи башар ва  ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалии тавассути режими саҳюнистӣ , бори дигари масъӯлияти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва  давлатҳои ҷаҳон ба хусӯс дар кишварҳои исломӣ нисбат ба ҳимояти ҳамаҷониба аз миллати мазлӯми Фаластин ба вижаи сокинон ва ҷангзадагони таҳти муҳосираи навори Ғаззаро ёдовар шуда ва  хостори иқдоми муассир , қотеъ ва  фаврии давлатҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва  байналмилалӣ дар таваққуфи ин ҷиноёт ва ташкили парвандаи кайфарӣ ҷиҳати пайгири ва муҳокимаи омирон, омилон ва ҳомиёни ин қабил фоҷеаҳои инсонӣ аст.

Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс ( ҳафдаҳуми фарвардини 1403 ) зимни таъкиди муҷаддад бар тадовуми сиёсати усӯлӣ ва  собити Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз муборизоти озодибахш ва  муқовимати машрӯъи миллати Фаластин ва  зарурати муқобилаи муассири ҳамаҷониба ва  боздоранда бо ҷиноёти режими ишғолгар ва  кӯдаккуши саҳюнистӣ , тамомии давлатҳо ва  миллатҳои мусулмон ва  озодихоҳон ва  ҳаққи талабони ҷаҳонро ба ваҳдату ҳамбастагӣ барои муқобила бо ин ғуддаи саратонӣ ва  барҳами занандани саботу амнияти минтақаӣ ва  байналмилалӣ ва  ҳимояту пуштибонии ҳақиқӣ ва амалӣ аз миллати мазлӯми Фаластин фаро мехонд .

342/