Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони Рӯзи Ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масъалаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлуму мавриди ситам нигоҳ мекунанд.
Ёсир Алҳурӣ, дабири Шӯрои олии сиёсии Яман рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо Ирна гуфт, номгузории Рӯзи ҷаҳонии Қудс боиси хашми режими саҳюнистӣ, Амрико ва Британия шуд, зеро рӯҳияи муқовимат, муборизаву умед ба озодсозии Фаластин ва муқаддасотро дар уммати исломӣ зинда кардааст.
Ёсир Алҳурӣ афзуд, Рӯзи Ҷаҳонии Қудс имсол дар ҳоле фаро расида, ки ҳақиқати Амрико, Британия ва Ғарб, ки ҳамвора ба дурӯғ фарёди дифоъ аз ҳуқуқу озодии башар сар медиҳанд ва аз режими саҳюнистӣ ҳимоят ва дар ҷиноятҳои он мушорикат мекунанд, барои миллатҳои ҷаҳон ошкор шудааст.
Дабири Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, имсол дар Рӯзи Ҷаҳонии Қудс бояд бар тақбеҳу мухолифат бо одисозии равобит бо саҳюнистҳо ва ҳамафзоии умматҳои арабиву исломӣ дар ҳимояту пуштибонӣ аз масъалаи Фаластин таъкид шавад.
Алҳурӣ афзуд, муҳимтарин паёми Рӯзи Қудси имсол барои миллатҳои ҷаҳон ин аст, ки сукут дар қиболи ҷиноятҳои ишғолгарону ҳомиёни онҳо лаккаи нанге аст, ки ҳаргиз пок нахоҳад шуд.
Ин мақоми яманӣ гуфт, Рӯзи Ҷаҳонии Қудс як пирӯзии бузург, меҳваре азиму ҷараёнҳову ҷунбишҳои қудратмандро барои минтақа ба армуғон овард, ки метавонанд дар ояндаи наздик муҷиби тағйироти бузурге дар минтақа ва нобудии режими саҳюнистӣ шаванд.